Наворбардории филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" дар Тоҷикистон ба анҷом расида, ин ҳафта ҳайати эҷодӣ ба Ӯзбекистон мераванд. Дар ин бора коргардон Файзуллои Файз хабар додааст.
Наворбардории филми мазкур дар «Тоҷикфилм», қалъаи Ҳисор ва Ҳучанд аз 1-уми август оғоз ёфта, 41 рӯз давом кард. Наворбардорӣ дар Ӯзбекистон 50 рӯзи дигар идома меёбад.
Ёдрас мешавем, ки дар ибтидо офаридани нақши Ҷомиро ба директори киностудияи “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён вогузор намуда буданд, вале баъд аз интиқодҳо ин нақш ба Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбон Собир супурда шуд. Нақши Навоиро актёри ӯзбек Илҳом Бердиев иҷро мекунад.
Филми мазкур бо қарори сарони ду кишвар таҳия шуда, буҷаи он 12 миллион долларро ташкил медиҳад. 70 дарсади наворбардорӣ дар Ӯзбекистон сурат гирифта, 60 дарсади актёронро ӯзбекҳо ташкил медиҳанд.
Нахустнамоиши филм то Наврӯзи соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.