Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев аз олам даргузашт
333

Шоҳсутуни қасри бошукӯҳи адабиёти тоҷик фурӯ рехт! Боз як дарахти азим ва сермаваи боғи сухан решагардон шуд! Боз як ситораи дурахшон аз осмони фарҳанги миллат канда шуд! Шоми дирӯз қалби марде аз кор монд, ки сеҳри суханаш, каломи пур аз пандаш, асарҳои ҷовидонааш роҳнамои ҳазорон пиру ҷавон буд.

Шоми дирӯз, 19-уми октябри соли 2025 устод Кароматулло Мирзоев, адибе номовар ва номдоре ин ҷаҳонро абадан падруд гуфт, ки ҳикояву повесту романҳои ҷолибаш дили миллионҳо одамонро натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз марзи кишвар низ тасхир намуда буд.

Кароматулло Мирзоев 25-уми апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ боз намуда, тӯли 83 соли умри пурбаракати хеш ҳамеша аз пайи эҷод буд ва барои рушду нумуъи адабиёти тоҷик хизматҳои зиёде кардааст. Давлату ҳукумати мамлакат хизматҳои арзандаи ин адиби хушзавқро ба назар гирифта, Кароматулло Мирзоевро бо унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон сазовор гардониданд.

Устод Кароматулло Мирзоев барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва муаллифи асарҳои машҳури “Ситораи умед», «Шабе дар Кабудҷар», «Дарди ишқ», «Суруди муҳаббат», “Дар орзуи падар», «Нишони зиндагӣ», «Ситораҳои паси абр» ва даҳҳо китобҳои дигар мебошанд, ки хонандагони зиёдеро мафтун намудаанд.

Махсусан романи “Дар орзуи падар”-и Кароматулло Мирзоев даст ба дасти хурду калон мегашт ва то ба имрӯз чунин шуҳрат ва маҳбубият ба ҳеҷ асари дигар муяссар нагаштааст. Синамогарони тоҷик аз рӯйи ин асар силсилафилме низ ба навор гирифта буданд, ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Афғонистон низ миллионҳо нафар ин филмро бо шавқи зиёде тамошо мекарданд.

Хуллас, устод Каротмалулло Мирзоев як адиби беназир буданд ва бо марги ин марди қаламкаш як сутуни устувори адабиёти тоҷик фурӯ рехт.

Ҷанозаи Кароматулло Мирзоев имрӯз дар зодгоҳи адиб, деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад. Дӯстон, пайвандон, шогирдон ва мухлисони бешумори ин марди наҷиб имкон доранд барои видоъ рафта, устод Кароматулло Мирзоевро ба манзили охираташон гусел намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД