goodwell
Нави Пиллэй барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 гардид
10.10.2026
Oila.tj
55

Ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ Нави Пиллэй барои саҳмаш дар рушди ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими сулҳ барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 гардид.

Нави Пиллэй 23-уми сентябри соли 1941 дар шаҳри Дурбани Африқои Ҷанубӣ таваллуд шудааст. Ӯ фаъолияти касбии худро ҳамчун ҳуқуқшинос оғоз карда, аз фаъолони зидди апартеид — низоми табъизи нажодӣ дар ин кишвар, ҳимоят намудааст.

Соли 1995 Пиллэй судяи Суди олии Африқои Ҷанубӣ таъин шуда, соли 1999 ба ҳайси судя ва раиси Суди байналмилалии ҷиноятӣ оид ба Руанда фаъолият кардааст. Ӯ дар рушди амалияи байналмилалии судӣ дар самти эътирофи зӯроварии ҷинсӣ ва таҷовуз ба номус ҳамчун ҷиноятҳои эҳтимолии зидди башарият ва генотсид саҳми муҳим гузоштааст.

Аз соли 2008 то соли 2014 Пиллэй вазифаи Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсонро ба уҳда дошт. Баъдан, ӯ дар баррасии парвандаи марбут ба иттиҳоми генотсид алайҳи Мянмар дар Суди байналмилалии СММ иштирок карда, солҳои 2021–2025 Комиссияи мустақили байналмилалии СММ оид ба таҳқиқи рӯйдодҳо дар қаламрави ишғолшудаи Фаластинро роҳбарӣ намудааст.

Кумитаи Нобел саҳми Пиллэйро дар рушди низоми ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таъмини ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои вазнин муҳим арзёбӣ кардааст. Ба таъкиди кумита, дар шароити афзоиши низоъҳо ва ҷангҳо риояи ҳуқуқи байналмилалӣ барои ҳалли осоиштаи баҳсҳо ва ҳифзи қурбониён аҳаммияти хос дорад.

Ҳамзамон, ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт ба нависандаи канадагӣ Энн Карсон дода шудааст. Эълони барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши илмҳои иқтисодӣ бошад, 12-уми октябри соли 2026 дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД