Давоми 10 рӯзи ташкилу баргузории чорабиниҳои даъватӣ ва гусели ҷавонписарон ба артиш нақшаи пешбинигардидаи тирамоҳӣ беш аз 55% иҷро гардид, ки 15 шаҳру ноҳияҳои кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
Тавре ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод дар баробари ВМКБ нақшаро иҷро карданд.
“Ҳамин тавр, иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давоми 10 рӯз 65%-ро ташкил медиҳад", - навиштааст манбаъ.
Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон беш аз 60%-ро ташкил медиҳад, ки дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 он ба 54% баробар буд.
Дар 10-рӯзаи аввал иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 43%-ро ташкил медиҳад, ки ба иттилои вазорат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад. Дар ин муддат нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 45% иҷро гардид.
Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома хоҳад дошт.