Sebiston new 2024 october
Нашъамандӣ ва сил дар байни занон меафзояд
326

Нашъамандӣ дар байни бонувон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 109 нафар занони мубталои нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Файзиддинзода афзоиши нашъамандиро дар байни занону духтарон ташвишовар номида, аз ҷумла гуфт: «Дар шаш моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 109 ҳолати гирифторшавии занону духтарон ба нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳодиса бештар аст».

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин давраи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 103 ҳодисаи гирифторӣ ба нашъамандӣ ба қайд гирифта шуда буд. “Тамоюли афзоиши нашъамандӣ чандон зиёд набошад ҳам, ташвишовар мебошад, зеро майзадагӣ ва истифодаи маводи мухаддир барои зани тоҷик айб аст“,- гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Дар баробари афзоиши нашъамандӣ ҳодисаҳои ба бемории сил гирифтор шудани занону духтарон низ рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Тибқи омор дар шаш моҳи соли равон 1067 нафар занону духтарон ба касалии сил гирифтор шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85 адад бештар аст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД