Дар 50 рӯзи маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 98 дарсади нақшаи умумии ҷалби ҷавонон ба артиш иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиа хабар дод.
Тибқи иттилои расмӣ, танҳо вилояти Суғд (96%) ва ноҳияҳои тобеи марказ (97%) то ҳол нақшаро пурра иҷро накардаанд.
ВМКБ нақшаи даъватро дар рӯзи аввал 100% иҷро кард. Шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Хатлон низ нақшаро пеш аз муҳлат ба анҷом расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон мардони 18-27-сола ду бор дар як сол - моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.