Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон 97% иҷро шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон дар давоми як моҳи охир 97 фоиз иҷро шудааст.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъвати шаҳрвандонро пурра иҷро кардаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ маъракаи даъват ба анҷом наздик буда, иҷрои нақша ба 99,6 фоиз расидааст. Дар вилояти Суғд бошад, ин нишондиҳанда 92 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома меёбад. Имсол ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони солҳои таваллуди 1999–2008 даъват мешаванд.