Дар ноҳияи Мурғоб стансияи худкори обуҳавошиносӣ насб карда шуд, ки имкон медиҳад нишондиҳандаҳои муҳими обу ҳаво ба таври худкор ва дар вақти воқеӣ чен карда шаванд.
Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад, стансияи мазкур ҳарорат ва намнокии ҳаво, фишори атмосферӣ, самту суръати шамол, ҳарорати сатҳи замин, давомнокии нурпошии офтоб ва миқдори боришот, аз ҷумла борону барфро сабт мекунад. Насби ин таҷҳизот барои такмили низоми мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ ва беҳтар кардани сифати ҷамъовариву коркарди маълумоти обу ҳаво муҳим арзёбӣ мешавад.
Ин стансия имкон медиҳад, ки маълумоти зарурии обуҳавошиносӣ сари вақт ҷамъоварӣ гардида, барои таҳлили шароити обу ҳаво истифода шавад.