То охири моҳи январи соли 2026 дар 45 мавзеи таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе “QR-роҳнамо” насб мегардад. Дар ин бора аз шуъбаи сайёҳии шаҳрдории Душанбе ба расонахо иттилоъ додаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, маконҳои насби QR-рамзҳо муайян буда, дар марҳилаи аввал дар 45 мавзеи таърихию фарҳангии пойтахт, аз ҷумла назди муҷассамаҳо аломатҳои “QR-роҳнамо” аз санги мармар насб мегардад. Манбаъ афзудааст, ки тавассути нусхабардории ин рамзҳо метавон бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли матнӣ ва овозӣ дар пойгоҳи расмии сайёҳии шаҳри Душанбе - Dushanbe Travel маълумот пайдо кард.
Ба қавли манбаъ, дар марҳилаҳои баъдӣ ҷойгир кардани маълумот бо забонҳои чинӣ ва арабӣ, ҳамчунин насби чунин рамзҳо дар дигар маконҳо низ дар нақша аст.
Мақсади роҳандозии ин иқдом “рақамисозии пойтахт, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои сайёҳон” гуфта шудааст.