Аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо КВД “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" бо мақсади пешгирӣ аз партофтани партов дар ҷойҳои муайяннашуда ва ҷилавгирӣ аз вайроншавии муҳити зист насби дурбинҳои назоратӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ин тасмими тоза дар асоси муроҷиати шаҳрвандон оид ба пайдо гардидани партовгоҳи сунъӣ, яъне дар ҷойи муайяннашуда гузоштани партов аз ҷониби шахсони алоҳида ба даст гирифта шуда, дурбини назоратӣ дар буриши кӯчаи "Фирдавсӣ" ва “Ҳаким Карим” назди идораи Суди шаҳри Хуҷанд насб карда шудааст ва минбаъд тариқи мустақим ҳодисаҳои қонуншиканиро ба қайд гирифта, ба телефони боварии шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд интиқол медиҳад ва дар асоси он нисбати нафарони қонуншикан тибқи талаботи қонунгузории муҳити зист чораҷӯйӣ карда мешавад.
Интизор меравад, ки чунин дурбинҳои назоратӣ дар дигар мавзеъҳои шаҳр низ ба роҳ монда мешаванд.