Formula novemver 2024
Нархи сӯзишворӣ якбора поён рафт
928

Нархи чаканаи гази моеъ дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз якбора 16% арзон шуда, нархи он аз 6,20 сомонӣ барои як литр то ба 5,20 сомонӣ поён рафт.

Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт онро бо нархи 4,80 сомонӣ ҳам харидан мумкин аст. Бояд гуфт, ки гази моеъ сӯзишвории асосии нақлиёти пойтахт мебошад, ки аз рӯи маълумоти расмӣ бештар аз нисфи ронандагон аз он истифода мебаранд. Арзиши аслии дигар навъҳои сӯзишворӣ низ ба таври чашмрас арзон шудааст.

Ҳамин тавр, як литр бензини маъруфтарин (АИ-92) имрӯз 7,50 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки дар охири моҳи ноябр он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 8 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ҳар литр сӯзишвории дизелӣ дар охири моҳи гузашта ба ҷои 12,20 сомонӣ 11,80 сомонӣ арзиш дошт. Таъминкунандагон коҳиши қимати сӯзишвориро бо арзон шудани он дар кишварҳои содиркунанда рабт доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД