Нархи орд давоми як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон якбора боло рафт ва ҳоло арзиши он дар бозорҳои манотиқи кишвар аз 330 то 350 сомонӣ рост меояд дар ҳоле ки ҳафтае қабл 50 кг ордро 270-280 сомонӣ харидан мумкин буд.
Ин гаронарзишии маҳсулоти серистифода дар Тоҷикистон аҳолии ҷумҳуриро нигарон кардааст ва сокинон мехоҳанд, мақомот роҳи ҳалли ин мушкилро тезтар ёбанд.
Савдогарон сабаби қиматии ордро дар вазъу омилҳои берунӣ мебинанд. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби баланд шудани нархи ордро ба бориши зиёд дар Қазоқистон ва дер ҷамъоварӣ кардани ҳосилу талаф ёфтани гандум вобаста медонанд.
Ёдрас мешавем, ки барои боло нарафтани нархи орд дар бозори “Меҳргон” аз ҳисоби Агентии захираҳои моддӣ ярмарка ташкил шудааст, ки арзиши орд он ҷо 260 сомонӣ аст.