Аз аввали соли 2026 дар Тоҷикистон арзиши об ва як қатор хизматрасониҳои коммуналӣ боло рафт. Бино ба иттилои расмӣ, нархи об барои аҳолӣ ба ҳисоби миёна 15 дарсад ва барои корхонаҳо то 30 дарсад зиёд шудааст.
Ҳоло арзиши як метри мукааб об барои аҳолӣ 1 сомониву 50 дирам муқаррар гардидааст. Барои шаҳрвандоне, ки аз дастгоҳҳои ҳисобкунии об истифода намекунанд, пардохт бар асоси ҳар узви оила сурат мегирад ва ба ҳисоби миёна 8 сомониву 10 дирам муайян шудааст.
Гуфта мешавад, ки тағйири нархҳо ба зарурати беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори коммуналӣ вобаста аст.