Formula novemver 2024
Нархи хизматрасонии боғчаҳои бачагона боло рафт
200

Шуруъ аз 1-уми январи соли 2025 арзиши хизматрасонии боғчаҳои бачагонаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боло рафтааст.

Дар соли 2024 волидон барои парастории ҳар як кӯдак дар боғча 144 сомонӣ маблағ месупурданд, вале дар соли 2025 бояд 150 сомонӣ пардохт намоянд.

Болоравии нархи хизматрасонии боғчаҳои бачагона ба боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо алоқамандӣ дорад, ки арзиши он аз 72 ба 75 сомонӣ расидааст.

Дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ падару модарон барои нигоҳубини як фарзанди хурдсолашон дар боғчаи бачагона ба ҷойи 108 сомонии пештара акнун 112,5 сомонӣ месупоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД