formula
Нархи чиптаи ҳавопаймо аз Русия ба 134 ҳазор рубл расид!
629


Нархи чиптаи парвоз аз Маскав ба Душанбе дар пайи эълони мобилизатсия (басиҷсозӣ) ба саффи артиши Русия ба шиддат боло рафта, бино ба иттилои сомонаи яке аз бузургтарин пойгоҳҳои фурӯши чиптаҳои парвоз дар Русия Aviasales.Ru, барои рӯзҳои 25, 26, 27 ва 28 сентябри соли 2022 то ба 134 ҳазор рубл (2300 доллари Амрико!!!) расидааст.

Нархи чиптаҳо ба дигар кишварҳои муҳоҷирфиристи собиқ Шӯравӣ (Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) низ ба маротиб боло рафт. Дар ин бора Бомдод хабар додааст.

Муҳоҷирони тоҷик аз пойтахти Русия рӯзи 25- сентябри соли 2022 бо ирсоли акси як эълон хабар доданд, ки дар Маскав аллакай эълонҳо ба забони тоҷикиро овехтаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваъдаи ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия ба хидмати қарордодӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Русия даъват карда мешаванд. Аз довталабон танҳо аз 18-сола боло будан, ба хидмати ҳарбӣ мувофиқ будани саломатиашон ва донистани забони русӣ тақозо мешавад.

Дар иваз ба онҳо маоши моҳона ба андозаи камаш 190 ҳазор рубл ва ҳамчунин таъмин бо манзилу хӯрокворӣ, ёрии тиббӣ, таъмини нафақа ва ҳифзи иҷтимоии аъзои оилаи ҳарбӣ ва “дигар имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҷубронҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар ҳолати фавқулодда ва даргириҳои мусаллаҳона” ваъда дода шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ваъдаи охири марбут ба иштирок дар “даргириҳои мусаллаҳона” бисёриҳоро нигарон сохтааст, зеро бовар меравад, ки даъвати оммавии муҳоҷирон ба артиши Русия ба хотири фиристодани онҳо ба ҷанги Украина сурат мегирад. Он ҳама имтиёзу кафолатҳо маъмулан ба онҳое дода мешаванд, ки дар ин ҷанг кушта ва ё захмию маъюб мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аз тарси фиристода шудан ба ҷанг имрӯзҳо натанҳо муҳоҷирони меҳнатӣ кӯшиш мекунанд осемасар қаламравӣ Федератсияи Россияро тарк намоянд, балки иддае аз шаҳрвандони худи Россия низ рӯ ба кишварҳои дигар оварда истодаанд. Сабаби асосии боло рафтани нархи чиптаҳои ҳавпайдо ба аксари самтҳо маҳз дар ҳамин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД