Ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон ба Русия, ки аз 17-уми марти соли 2020 бо сабаби коронавирус манъ гашта буд, аз 30 августи соли равон дубора ба роҳ монда мешавад. Аксари шахсоне, ки нияти ба Маскав сафар карданро доранд, мехоҳанд донанд, ки арзиши нархи чиптаи қатора чи қадар аст, зеро дар бадали бештар аз ду сол нарху наво низ албатта хеле тағйир ёфтааст.
Муовини сардори Хадамоти бехатарии қаторҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон Зоиршо Файзуллоев дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон хабар додааст, ки нархи чиптаи қатораи роҳи оҳан аз шаҳри Душанбе то вокзали шаҳри Волгогради Русия тақрибан 1400-1500 сомониро ташкил хоҳад дод.
“Чипта пештар, масалан як моҳ пештар харида шавад, 200-300 сомонӣ арзонтар мешавад”,- шарҳ додааст Зоиршо Файзуллоев.
Ба гуфти сардори Хадамоти бехатарии қаторҳои роҳи оҳани Вилояти Хатлон рӯзҳои наздик фурӯши чиптаҳои қатора Душанбе-Волгоград оғоз мегардад.
Ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон то шаҳри Волгогради Русия ба роҳ монда мешавад.
Ҷадвали ҳаракати қаторҳои ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” чунин аст:
- аз 30 август — хатсайри N329/330 Душанбе — Волгоград ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе аз Душанбе ба самти Волгоград ҳаракат карда, рӯзҳои ҷумъа аз Волгоград ба самти Душанбе ба роҳ мебарояд;
- аз 7 сентябр — хатсайри N359/360 Хуҷанд — Волгоград, ҳафтае як маротиба, ҳар рӯзи чоршанбе аз Хуҷанд ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба роҳ мебарояд.
Сафар бо қатораи роҳи оҳан аз Тоҷикистон то Русия ва баракс ба ҳар тараф дуюним шабонарӯз ва дар маҷмӯъ 5 шабонарӯзро дар бар мегирад.