Sebiston new 2024 october
Наҷотдиҳандагони тоҷик ба Истамбул расиданд
849


Наҷотдиҳандагони тоҷик, ки шаби гузашта бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони зилзилаи шадид ба Туркия парвоз карда буданд, ба шаҳри Истамбул расиданд.

Гурӯҳи наҷотдидандагони тоҷикро, ки 50 нафар буда, дар байнашон ҷарроҳон ва дигар кормандони соҳаи тиб ҳастанд, сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов, консули генералӣ дар Истамбул Зоҳир Мирзозода ва намояндагони расмии кишвари Туркия истиқбол гирифтанд. Гурӯҳи мазкур аввал ба Ғозиёнтеппа рафта, сипас ба шаҳри Қаҳрамонмараш роҳ пеш мегиранд, зеро ин шаҳр бар асари заминҷумбиҳои пай дар пай аз ҳама бештар зарар дидааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳамроҳи наҷотдиҳандагон аз Тоҷикистон ба Туркия кӯмаки шабардӯстона фиристода шуд, ки аз маводи озуқаворӣ, сару либоси гарм ва хаймаҳо барои зарардидагони зилзила иборат буд. Дар ин бора Азия-плюс хабар додааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД