Sebiston new 2024 october
Наҷотдиҳандагони тоҷик аз Туркия бармегарданд
630

Имшаб гуруҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар амалиёти ҷустуҷӯӣ дар манотиқи осебдидаи Туркия ширкат доштанд, ба ватан бармегарданд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ ҶТ иттилоъ дод.

“То соати 1-и рӯзи 23 феврал дар фурудоии ҳавопаймо дар шаҳри Душанбе, ки ҳомили наҷотдиҳандагони тоҷик аст, назар аст. Гурӯҳ бо ҳайати пурра ба ватан бармегардад”, - гуфт мавсуф

Ҳайати мазкур 50 нафар наҷотдиҳандагону табибонро дар бар мегирад.

«Наҷотдиҳандагони мо рисолати худро бомуваффақият анҷом дода, дар амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар вилоятҳои Қаҳрамонмараш ва Ҳатайи Туркия фаъолона иштирок намуданд», - гуфт сухангӯи Кумита.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Тоҷикистон рӯзи 9 феврал ба Туркия рафтанд. Дар маҷмӯъ, наҷотдиҳандагони тоҷик дар ҷараёни кори худ се нафари зинда ва беш аз 200 ҷасадро аз зери харобаҳо берун оварданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД