formula
Наҷотдиҳандагон дари оҳании манзили истиқоматиро боз карданд
356

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз боз кардани дари оҳании басташудае хабар дод, ки паси он духтарчаи сесола банд монда буд.

- 27 марти соли 2024, соати 14:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев, бинои 10/1 дари оҳанӣ баста шудааст ва соҳиби хона наметавонад вориди он шавад. Ин зан гуфт, ки дар дохили хона духтарчаи сесолааш танҳо мондааст. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда буданд, ба хулосае омаданд, ки тарзе бояд дарро боз кунанд, ки кӯдак натарсад, коре бояд кард, ки даркушоӣ боиси ҳаросу мушкили равонии тифл нашавад. Онҳо аз тиреза вориди манзили истиқоматӣ шуданд ва дарро беосеб аз дохил боз карданд,- хабар дод манбаъ.

Гуфта мешавад, ки духтарчаи сесола ба ҳеҷ ёрии тиббӣ ниёз надоштааст ва имдодгарон бо модари ин кӯдак дар бораи ҳодисаҳои эҳтимолии танҳо мондани фарзандони ноболиғ, бахусус тифлон суҳбат кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД