Arzon march 2024
Намози ид ба киҳо воҷиб аст?
10.04.2024
ОИЛА.ТҶ
345

 

Кулли ҳамдиёрони азизро бо фарорасии Иди саиди Фитр муборакбод гуфта, ба шумо тани сиҳат, умри дарозу ризқи фаровон, хонаи обод, дастурхони пур аз нозу неъмат, қабули хайру садақот, парҳезкорӣ, покӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоем.

Яке аз суннатҳои асосии Иди саиди Фитр ин гузоштани намози ид бо аҳли ҷамоат мебошад. Аз ҳамин хотир имрӯз мо дар бораи намози ид ва шартҳои он ба шумо маълумот медиҳем.

Намози ид ба киҳо воҷиб аст?

Аз дидгоҳи мазҳаби имом Абу Ҳанифа (р.ҳ) намози ид бар афроде воҷиб аст, ки бар онҳо намози ҷумъа воҷиб бошад. Пас намози идайн бар марди солим, муқим, бино ва дар ҳоли амният воҷиб мебошад. Намози идайн бар зан, мусофир, бемор, нобино воҷиб нест. Шахсе, ки пиёда ба намозгоҳи ид рафта наметавонад, намоз барояш воҷиб нест. Аммо касоне, ки намози идайн бар онҳо воҷиб нест, вале бо ҳамроҳии одамон намозро мегузоранд, намозашон ҷоиз мешавад ва аз самари савоб бенасиб намемонанд.

Намозгоҳ бояд чӣ гуна бошад?

Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) бештар намози идро дар макони кушодае, ки дар назди гӯристони Батеъ воқеъ буд, мегузаронданд ва гоҳи дигар ҳавлии Касир ибни Салтро, ки дар яке аз гӯшаҳои зебои Мадина воқеъ гашта буд, намозгоҳ интихоб мекарданд. Дар ривояти Ибни Аббос (р.т) дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Паёмбар (с) ба назди нишонае, ки дар назди ҳавлии Касир ибни Салт буд, омад ва намози идро дар он ҷо барпо намуд. Танҳо дар мавриди пайдо шудани ягон узр намози идро дар дохили масҷид мегузоштанд. Фуқаҳои Киром аз ривоятҳо ва осоре, ки дар бораи ид то ба мо расидааст, ба натиҷаи фиқҳӣ расиданд ва фармуданд, ки агар берун аз шаҳр ё дар як гӯшаи шаҳр гузоштани намоз мушкилотеро аз қабили танбашавии мошинҳо ва дигар ҳолатҳо эҷод кунад, намози идро дар дохили масҷид гузоранд.

Мо, мусалмонҳо бояд дар ин рӯз ду ракат намози шукрона гузорем ва барои ободии Ватан ва хонаву аҳли байти худ дуо намоем.

Ҷамолиддин ХОМӮШӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД