formula feb 2025
Намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар “Ҳафтаи ҷаҳонии сабз-2025”
252

Молу маҳсулоти Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи байналмилалӣ - “Ҳафтаи ҷаҳонии сабз-2025” ба маърази тамошо гузошта шуд.

Намоишгоҳи “Ҳафтаи ҷаҳонии сабз-2025” дар шаҳри Берлини Олмон баргузор гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он асал, хурмо, меваҳои хушккардашуда, сабзавоти тару тоза, анвои хӯрока ва маҳсулоти саноати сабук, намунаҳои зебою ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ ва асарҳои рассомони тоҷикро ба маърази тамошо гузоштааст.

Тавре Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, иштирок намудани Тоҷикистон дар чунин намоишгоҳи бонуфуз имконияти хуби ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷиро ба кишвар ба вуҷуд меорад.

Дар доираи намоишгоҳ ҳамчунин форум баргузор гашта, иштирокчиёни он доир ба масъалаҳои муҳими системаи кишоварзӣ ва тағйироти муҳит табодули назар намудаанд.

Намоишгоҳи “Ҳафтаи ҷаҳонии сабз-2025” то 26-уми январ идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД