toyota motors
Намоиши фарҳанг ва ҳунари тоҷик дар Фестивали «ART EXPO»
40

Дар Ҷумҳурии Арманистон аз 15 то 17-уми апрел Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» доир гашта, дар он гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил ва намунаҳои фарҳангу ҳунари миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар гӯшаи Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакан, ки дар рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар доираи Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» чорабиниҳои гуногун низ доир гашта, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши «Меғрӣ - пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2026» иштирок намудаанд.

Дар барномаи фарҳангӣ оҳанги «Муҳаббат»-и композитори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ҳамчун рамзи дӯстии мардумони Тоҷикистону Арманистон аз ҷониби Оркестри давлатии ҷази Арманистон дар сатҳи баланд иҷро гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД