Arzon march 2024
Намоиш аз рӯи асари Ато Ҳамдам дар Театри Лоҳутӣ
629

 

Дирӯз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи “Агар ҷанг намебуд“ аз рӯи асари Ато Ҳамдам дар таҳия ва коргардонии Давлат Убайдуллоев ба намоиш гузошта шуд.

Тамошобинони намоиш аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.

Сараввал Давлати Убайдулло, яке аз ҳунармандони маҳбуби ин театр тамоми меҳмононро хушомадед гуфтанд.

Нақшҳои асосиро дар намоишнома ҳунарпешаҳои ҷавони театр Саодатхонова Маҳина - Саодат, Саъдуллоев Убайдулло - Ҳамид, Боймурод Ҳаитов - Шариф, Суҳроб Эгамназарзода - Ҳайдар ва Салоҳиддин Шукуров - амаки Файзулло офаридаанд. Намоишнома ҳодисаҳои даврони Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ҷони миллионҳо одамонро рабуд, бозгӯ менамояд. Ҳамид баъди чор сол аз ҷанг меояд ва мефаҳмад, ки ҳамсараш бо дӯсташ Шариф, ки ҷони ӯро халос карда буд, оиладор шудааст. Ҳарчанд аввал Саодат, баъдан Шариф омада ба Ҳамид мефаҳмонанд, ки онҳо барои даҳони мардумро бастан оиладор шудаанду дар асл байнашон ягон муносибат набуд ва ҳарду мисли акаву хоҳар буданд, Ҳамид бовар намекунад. Шариф борҳо қасам мехӯрад, ки вай танҳо ба хотири он ки падару модари Саодат барои пулу мол ин духтари ҷавонро ба марди 80-сола ба шавҳар надиҳанд, ӯро никоҳ карда гирифтааст, то даҳони мардумро бандад, вале кибру ғурури Ҳамид, ки баъди чанд соли расидани хабари маргаш зиндаву саломат ба ватан баргашта буд, намегузорад, ки ба ин гап бовар кунад. Дар охир ӯ ҳақиқатро фаҳмида, мехоҳад боз бо Саодат якҷо шавад, аммо хабари худкушии Саодат ба гӯшаш мерасад. Ҳамин тавр, Ҳамид ишқи аввалу охираш Саодатро барои ҳамешагӣ аз даст дода, ангушти пушаймонӣ мегазад. Образи Саодат дар асл аз зиндагии воқеӣ гирифта шудааст. Саодат аслан як зани оддии тоҷик мебошад, ки шавҳарашро ба ҷанг бурдаанду бо фарзандаш танҳо мондааст. Шавҳараш баъди бозгашт аз ҷанг зану фарзандашро аз рӯйи кибру ғурур қабул намекунад. Ин намоишнома асосан барои ҷавонписарону ҷавондухтарон аст. Ҳадафи асосии намоишнома он аст, ки занҳои тоҷик пурсабр бошанд, тақдири ояндаи фарзандон ва номуси хешро фикр кунанд, мардон бошанд, дурандеш бошанд ва пеш аз қароре қабул кардан фикр кунанд. Имрӯзҳо ҷудошавии оилаҳо хеле зиёд шудааст, зеро ҷавонон дар пастиву баландиҳои зиндагӣ сабр намекунанд. Кибру ғурур ва худхоҳӣ зиёд шуда, аксаран барои дупула гап оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд. Кибру ғурур ҳама вақт дар зиндагӣ мушкилӣ меорад, бинобар ин, ҷавонон бояд аз ин намоишнома панд гирифта, бо дасти худ ба решаи ниҳоли бахташон табар назананд.

Дар охир ҳамаи тамошобинон якдилона ба ҳунари волои ин ҳунармандони театр кафкӯбӣ намуда, дастагулҳои зиёд ба ҳунармандони ин намоиш ҳадя намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД