Formula novemver 2024
НАМОҲАНГИ “Қурутоб”-И ЗАФАРЧА ЮТУБРО ТАРКОНД
2406

Зафар Аюбӣ, овозхони шинохта дар минтақаи Кӯлоб ва сарояндаи сурудҳои тӯёна, ки дар клиникаи ба номи Мансурови шаҳри Душанбе табобат мегирифт, аз бемористон ҷавоб шуда, клипи ҷадиди худро нашр кард.

Клиптаронаи нави овозхон “Қурутоб” ном гирифта, дар бораи қурутоб, ки яке аз хӯрокҳои миллии тоҷикист, қисса мекунад. Маълум нест, ки овозхон клипро кай сабт кардааст, аммо дар он хеле бардаму болидарӯҳ ба назар мерасад. Зафар Аюбиро 12-уми май дар ҳолати вазнин бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба коронавирус аз Кӯлоб ба Душанбе оварда, дар клиникаи ба номи Мансуров бистарӣ карда буданд.

Санаи 14-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари марги овозхон паҳн шуд, ки мухлисонашро сахт рӯҳафтода кард. Баъдан худи овозхон бо нашри як навор аз зинда буданаш хабар дода, илова намуд, ки аз имтиҳони зиндагӣ гузаштааст ва ҳолаш хуб мебошад.

Пайрав Аюбӣ, бародарзодаи овозхон овозаи ба коронавирус гирифтор шудани Зафар Аюбиро рад карда, гуфта буд, ки ӯ аз бемории дил азият мекашид ва баъди табобат ҳолаш комилан хуб шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД