toyota motors
Нахустнамоиши филми ҳунарии «Пайроҳаи хашм»
01.05.2026
Oila.tj
51

Имрӯз, 1-уми майи соли 2026, соати 16:00 дар Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Русия «Пайроҳаи хашм» (бо забони тоҷикӣ) баргузор мегардад.

Филми мазкур дар ҳамкорӣ бо кинематографистони Федератсияи Русия, аз ҷумла бо студияи “Лендок” пурра ба навор гирифта шуда, дар раванди филмбардорӣ аҳли эҷод ва ҳунарпешагони маъруфи тоҷику рус иштирок намудаанд. Наворбардорӣ дар мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва маконҳои зебои Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Асари синамоӣ воқеаҳои замони муосирро инъикос намуда, саргузашти ду дӯст — афсарони собиқи Шуравиро бозгӯ мекунад, ки пас аз солҳои ҷудоӣ дар Тоҷикистон дубора вохӯрда, барои наҷоти духтари як афсари рус талош меварзанд. Дар маркази филм арзишҳои волои дӯстӣ, рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД