Arzon march 2024
НАХОД ЯНГАВУ ҚАЙНӢ ОШИҚ БОШАНД?
10120

 

Cоҳиби 2 фарзандам, вале як чиз маро дар ташвиш гузоштааст. Авсунам зани зебои қоматбаланд ва коргар аст. Шавҳари зебопарасти ман доим ба ҳусну ҷамоли зани бародараш таваҷҷуҳ мекунад.

Ба назарам шавҳарам ба ӯ бо чашми бад менигарад. Борҳо шоҳиди чашмакзаниҳои авсунам низ шуда будам, вале ин ҳамаро шӯхии янгаву ҳевар мепиндоштам. Ҳамроҳи шавҳарам дар сари дастархон нишаста бошем, мардакам сӯи янгааш дуздида-дуздида нигоҳ мекунаду оташи рашк дар дили ман аланга мегирад.

Хушдоманам мухлиси  «ОИЛА» аст, аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то ҳам маслиҳати хонандагони азизро бигираму ҳам модаршӯям аз асли гап бохабар шавад.

Хонандаи «ОИЛА», аз вилояти Суғд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД