Sebiston new 2024 october
НАХОД КАЛОН НАШУДА БОШАМ?
3404


Апаам ҳеҷ бовар намекунад, ки ман калон шудаам. Апаам ҳамеша мекӯшад маро насиҳат кунад, сабақи зиндагӣ омӯзад. Албатта ӯ ҳангоми хурдсолиам заҳмат кашидааст, чунки модарам кор мекард ва апаам ба нигоҳубинамон масъул буд. Аммо ҳоло ҳар яке соҳиби оилаҳои худ гаштаем. Апаам ҳанӯз ҳам ба корҳои ман эрод мегирад, маслиҳатҳо медиҳад. Чӣ гуна ба ӯ фаҳмонам, ки ман кайҳо калон шудааму аз ӯҳдаи тарбияи фарзандонам мебароям ва муносибатро бо шавҳарам медонам.

Зайнаббибӣ, 31 сола.

Маслиҳат:
Бояд ба апаатон фаҳмонед, ки шумо ба кӯмаку ғамхории ӯ ниёз надоред. Ин чиз ниҳоят нозук аст, Ҳам барои шумо ва ҳам барои апаатон. Бинобар ин, шуморо лозим аст, ки аввалан гапҳои мегуфтаатонро пухта намоед. Ҳар гоҳе, ки апаатон ба насиҳату маслиҳатдиҳӣ мепардозад, гӯед: «Раҳмат, ки ҳамеша ғами маро мехӯрӣ, аммо хавотир нашав, мушкилотамро ҳам худам ҳал карда метавонам».Дар як вақт кӯшиш кунед, ки корҳои шоёнатонро дида апаатон ба шумо ташакур хонад. Беҳтараш, худ аз ҳаёти оилавиаш пурсон шавед. Аз ў розӣ ва миннатдор буданатонро фаҳмонда истед. Он гоҳ вай ба калон шудани шумо итминон хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД