Formula novemver 2024
НАИМҶОНИ САЙДАЛӢ АЗ ҲАМСАРАШ ҶУДО ШУД?
18.09.2020
Р. Азимӣ
6503

 

Мухлиси таронаҳои марғуби сарояндаи ҷавон Наимҷони Сайдалӣ ҳастам. Замоне, ки духтари хона будам, дар тамоми консертҳои Наимҷон иштирок мекардам.

Мо ҳатто аҳди бародарию хоҳарӣ баста будем. Наимҷон ҳамеша “Апаи Бунафша, шумо барои ман мисли хоҳари қиёматӣ ҳастед” мегуфт. Ростӣ ман ҳам Наимҷонро мисли фарзанди падарам дӯст медоштам, вале баъди ба шавҳар баромаданам дигар натавонистам ба консертҳояш равам. Дирӯз дар бораи додаракам як овозаи нохуш гшунида, хеле дилтанг шудам. Мегӯянд, ки Наимҷони Сайдалӣ аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Ман ху медонам, ки зани Наимҷон бегона не, духтари холааш буд. Наход, ки номардӣ карда, ҳамин хел духтари зеборо партофта бошад? Илтимос, ба ин масъала равшанӣ андохта, то кадом андоза ҳақиқат доштани ин овозаҳоро бигӯед.

Бунафша, ш. Душанбе

Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо чанд маротиба пай дар пай ба Наимҷони Сайдалӣ занг задем, вале телефонаш ҷавоб надод. Гумон доштем, ки мисли баъзе сарояндаҳо ӯ ҳам мағруру худпараст шудааст, аммо рӯзи дигар худи Наимҷон ба идора занг зад.

-Наимҷон, як овозаи нохуш ба гӯшамон расид. Рст аст, ки аз ҳамсаратон ҷудо шудаед?

-Эй аз даҳонатон шамол барад! Ман занамро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва ягон бор фикри ҷудошавӣ ба сарам назадааст.

-Зиндагиатонро аллакай панҷ-шаш сол шуд. Чанд фарзанд доред?

-Мутаасифона, худованд то ҳол ба мо фарзанд надодааст, лекин ман ҳаргиз ноумед намешавам. Одамоне ҳастанд, ки баъди 10-15 сл нахли умрашон бор оварда, соҳиби фарзанд мешаванд. Худо хоҳад, дуои мо ҳам ягон рӯз мустақоб гашта, аз ин неъмати парвардигор баҳравар хоҳем гашт.

-Мегӯянд, ки Наимҷон дар духтарбозӣ устухон надорад. Росташро гӯед, чанд маъшуқа доред?

-Ман ҳофиз бошам ҳам, бачаи худотарсу боимон ҳастам. Панҷ вақт намозамро мехонам. Бо занбозию духтарбозӣ барин корҳои ҳаром машғул намешавам, чунки зино гуноҳи азим аст.

-Аксари сарояндаҳо дузанаю сезана ҳастанд. Ягон бойдухтар ба шумо пешниҳоди издивоҷ намояд, чӣ ҷавоб медиҳед?

-Барои пулу мол шуда, ман ҳаргиз худамро ғуломи ягон бойдухтар намекунам. Аз пулаш ҳам безораму аз худаш ҳам! Бо ҳамсарам аҳд бастаам, ки агар моро марг аз ҳамдигар ҷудо накунад, касе ҷудо карда наметавонад. Ҳаргиз ба занам хиёнат намекунам. Ҳамсарам як духтари гул барин зебо, панҷ панҷааш ҳунар, боодобу бамаънӣ аст. Зани дуюм ба ман чӣ лозим?!

-Майлаш, ин мавзуъро мепӯшем. Бигӯед, ки чаро Наимҷон санъатро яктараф гузошта “блогер” шуд?

-
Аз баски як муддат бо сабаби пандемия тӯю маъракаҳо қатъ гардид, мо сарояндаҳо хонашин шудем. Барои он ки мухлисонам маро фаромӯш накунанд, барои худ дар ютуб канал кушодам. Ҳама навгониҳои ҳаётамро он ҷо мегузорам, то робитаи ману мухлисонам канда нашавад.

-Дар зиндагӣ ва санъат бароятон барор мехоҳем!

Ташаккур!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД