Arzon march 2024
Надежда Саидова: Ишқи бачаи муъминободӣ маро ба Тоҷикистон овард
759

Ин зани русро дар Муъминобод алакай худӣ мегӯянд, зеро беш аз 45 соле, ки ӯ ҳамроҳи марди тоҷик дар ин минтақа ҳамсафари зиндагист, дӯзандаи моҳир буда, ба даҳҳо нафар шогирдон дӯхтани либосҳои зеборо бо тарҳ ва нақшҳои тоҷикӣ ёд додааст.

Надежда Саидова дар асл зодаи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия буда, 18-уми сентябри соли 1955 ба дунё омадааст. Нахустин маротиба бо Саидолим Саидов, зодаи ноҳияи Муъминобод зимни кор дар пахтазаводи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шинос шуд. Пас аз як соли фаъолият, соли 1975 онҳо оила барпо карда, бо як ҷаҳон орзу ба Тоҷикистон омаданд.

Пеш аз омадан Надежда дар ташвиш буд, ки волидони шавҳараш ӯро чӣ гуна қабул мекунанд.

“Як рӯз шавҳарам ҳамроҳи падараш бо телефон суҳбат мекард. Падари шавҳарам гуфт, ки “духтар ба худат маъқул бошад, ба хона овардан гир. Мо розӣ”. Аз ин гуфтаҳои хусурам хеле шод шудам, зеро боварӣ надоштам, ки зани рустаборро қабул мекунанд. Баъди шунидани ин суханон ману шавҳарам ба Тоҷикистон сафар кардем”,- қисса мекунад қаҳрамони мо.

Холаи Надежда аз нахустин рӯзҳои ба Тоҷикистон омаданаш ба таассуроти зиёде рӯ ба рӯ шуд, ки боиси хушҳолиаш гардидааст. Сарҷамъӣ, иттифоқ будани аъзои оила, меҳру муҳаббати одамон нисбати якдигар, суҳбатҳои хотирмон бо ҳамсояҳо дар болои кат барои ӯ таъсир гузоштааст.

“Ҳайрон мешудам, ки чаро одамон нафареро, ки шинос нест, аҳволпурсӣ мекунанд. Фаҳмидам, ки одамони хурд калонсолонро ҳурмат карда, ба онҳо салом медодаанд. Ин рафтори одамон барои ман чизи наву ҷолиб буд. Аз ҳамон рӯзе, ки ба ноҳияи Муъминобод омадам, хонаи мо пури одам мешуд. Бисёр занҳо ва духтарони деҳа ба наздам меомаданд. Онҳо бо ман суҳбат карда, аз лаҳзаҳои дар Русия будан, шинос шудан бо шавҳарам супсон мешуданд ва ба тарзи сухангӯиям диққат дода, ҳаловат мебурданд. Ман низ хурсанд мешудам, ки ҳамаи онҳо ба ман таваҷҷуҳ доранд”,- мегӯяд ӯ.

Ба зудӣ роҳу усулҳои аз худ кардани забони тоҷикӣ, пухтани хӯрокҳои миллӣ, аз бар кардани урфу одат ва фарҳанги халқи тоҷикро омӯхт. Яке аз мувафаққиятҳои холаи Надежда ин омӯхтани ҳунари кӯрпачадӯзӣ, тоқидӯзӣ ва гулдӯзӣ мебошад.

“Ман ин ҳунарҳоро аз хоҳари шавҳарам ёд гирифтам. Вақте ӯ аз матоъҳои гуногун ҳар чиз медӯхт, дар як кунҷи хона нишаста, ба ӯ нигоҳ карда менишастам. Баъдан, як рӯз худам матои куҳнашударо гирифтаму як куртача дӯхтам. Ба хоҳаршӯям нишон додам, вай аз ҳунари гулдӯзии ман дар тааҷҷуб монд, зеро дар қадами аввал бе ягон хатоӣ дӯхтам. Аз ҳамон вақт инҷониб, дар рӯи матоъҳо тибқи нақшаву ороишоти худам ҳар гуна либосу кӯрпаворӣ ва тоқӣ медӯзам”,- мегӯяд Надежда Саидова.

Бо гузашти солҳо ҳаёт ва зиндагӣ дар Тоҷикистон барои ӯ маънии бузурге пайдо кард. Ҳар вақте ба Русия барои хабаргирии наздиканаш равад, бисёр истода наметавонад, зеро бо Тоҷикистони биҳиштосою мардуми шарифаш будан одат кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД