Одамкушӣ, дуздию ғоратгарӣ ва мастию авбошӣ аз зумраи гуноҳҳои азим ба шумор рафта, худовонад ашхосеро, ки даст ба чунин аъмоли нопок мезананд, лаънат кардааст.
Хоса дар айёми пирӣ даст ба чунин амалҳои номатлуб задан боиси шармандаву рӯсиёҳ гаштан дар байни халқ ва гирифтор шудан ба ғазаби парвардигор мегардад, вале...
Бадбахтона дар ҷомеаи мо мӯйсафедони беандешае ёфт мешаванд, ки аз қомати мисли камон хамгаштаву риши сафеди худ шарм надошта, ба ҷойи ҷавононро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намудан, худашон даст ба мастию майхорагӣ зада, ба қавле “кинои бе пул” нишон медиҳанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти чунин як мӯйсафеди майзада хабар додааст, ки дар авбошӣ ва кордзанӣ гумон дониста шудааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 27-декабр, тахминан соатҳои 14.30 як марди 71-солаи сокини шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 29-сола ҷангу ҷанҷол намуда, дар рафти муноқиша рақибашро корд задааст.
Ҷавони 29-сола бо захми хуншори корд ба бемористон интиқол дода шуд, мӯйсафеди бадмаст бошад, барои ин амали ҷиноии кардааш акнун дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.