Дар миёни қавми рус матале ҳаст: "Дар ҷое, ки зиндагӣ мекунӣ, он ҷоро ифлос макун". Солҳои зиёдест ин матал дар гӯш мегардем ва ҳар ифлосие, ки дар рӯйи мо мерезанд, бо рӯймоли сабр пок мекунему ҳаволаи бадро ба Худо месупорем. Вале ин дафъа на! Чаро, ки “волидон” - и минтақаи мо ба “фарзандон” - и худ меҳрубон нестанд ва рӯй ҷониби замони амирӣ овардаанд.
Субҳи имрӯз (28.07.2020 – идора) дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи овозадори Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Иштирокчиёни озмун то ба андозаи омода буданашон ширкат варзида, маҳорати худро ба аҳли нишаст ва ҳакамон намоиш доданд.
Бахусус, банда аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ширкат намудам, ки 90% - и шартҳои озмунро аз бар ва аз ҷониби ҳакамон сазовори таҳсин гардидам. Ҳатто барои даври минбаъда ҳаками муҳтарам бо тайёрии ҷиддӣ омаданро (дар баробари ман чандин китобдӯстони дигарро низ) таъкид намуданд. Аммо дар охир, фикру зикри доварони мо комилан тағйир ёфту умеди иштирок дар даври минбаъда аз дил рафт ва донистам, ки боз мавриди масхараи аҳли ҳукумати ноҳия қарор гирифтем! Чаро ки вақте ҳаққи худро аз доварон талаб кардем, гуфтанд "Ҳукумат медонад".
Ин ҷо мехоҳам суолеро ба муттасадиёни озмуни мазкур дар ноҳияи Рӯдакӣ бидиҳам: Дар ҳоле, ки ҷойҳоро кайҳо омода намудаеду медонед, ки киҳо ба озмун роҳ меёбанд, чаро моро дар арғунчаки масхараатон шинонда, бод медиҳеду умеди фардоямонро барбод?!
Шумо бигӯед, муттасадиёни муҳтарам, чӣ гуна метавонед насли наврасу ҷавони худро дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ тарбия намоед? Чӣ сон ба ояндаи рахшони миллат умед мебандед, вақте ашхоси маърифатпешаи худро пушти по мезанед? Куҷост он ҳақиқату адолате, ки якояки Шумо дар баромадҳои худ мегӯед? Чӣ тавр метавонед калимаи “шаффофият” - ро рӯи забон биёред? Чӣ ҷои суол, шумо, ки аллакай истифода намудед!
Афсӯс, сад афсӯс, ки ҳамон дилгармӣ ва бовариеро, ки баъд аз супоридани ҳуҷҷатҳо ба ММТ нисбати ҳаёт ба даст овардам, дар як мижа задан қурбонӣ намуданд! Афсӯс бар онҳое, ки шабу рӯз чашм аз китоб набардоштанду имрӯз бо оби чашм аз толор рафтанд. Мо – ку, ба ноадолатиҳо одат намудем, вале наврасоне, ки бори аввал ба озмун бо дили пурумед омаданду ноҳақиву беадолатиро дар пеши чашмони худ диданд, чӣ мешаванд? Магар онҳо баъд аз ин бо чашми нек ба давлату ҳукумат менигаранд?!
Бо чунин ранг гирифтани озмуни мазкур ба ин хулоса метавон омад, ки кирдори муттасадиён ва намедонам боз “киҳову чиҳо” - и дигар ба ҷуз аз беэҳтиромӣ нисбати қарори Ҳукумати кишвар, нисбати Пешвои муаззами миллат дигар чизе нест, ки ба қадри меҳнату заҳмати шаҳрвандон намерасанду ба он сабаб мегарданд, ки боварии мардум нисбати ҳукуматдорон сард гардад! Дар воқеъ, дарси хубе ҳаёт бароямон медиҳад ва маълумам гардид, ки то ба ҳол қадри саводу сухан чӣ қадар паст аст!
Ҳарчанд, Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат бар он ҷаҳд менамоянд, ки давлати пешрафта дошта бошем, халқи худро саводноктар гардонем, вале масъулин ба чӣ корҳое, ки машғул нестанд! Ин пурсишҳои мо посух металабанд!
Дар баробари навиштаи худ аз Ҳукумати олии кишвар эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки барои шаффофият доштани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мусоидат намоянд, то боварии халқро чунин “масъулин”аз ин беш коста нагардонанд! Бале, ҳар кас барои худ дониш меандӯзад. Вале вақте ки ба хотири дастгирии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар озмуне, ки таҳти роҳбариашон ҳастанд, меоему моро мешикананд, чӣ тавр созиш намоем?
(Танҳо як ифтихорномаи бесифат ва ислоҳкардашударо лоиқ донистаанд, ки ҳангоми дар ҳолати шок қарор доштаам нофаҳмида, ба хона овардаам. Ин аламатро зиёда мегардонад. Ҳайф бар чунин мақомоти иҷроия!)