Sebiston new 2024 october
Муҳтарам: Бо 5 духтар дар кӯчаҳо хобидем
1586

Муҳтарам:

Бо 5 духтар дар кӯчаҳо хобидем

Мӯҳтарам Салоҳиддинова, сокини шаҳри Истаравшан буда, дар шаҳри Хӯҷанд иҷоранишин мебошад. Ин зани 41-сола модари 5 духтар буда, зиндагии сангине дорад. Шавҳараш думболи зани дигареро гирифта модар, зан ва 5 духтарашро ба ҳоли худ монда рафтааст. “Шавҳарам гоҳ пайдо шуда меояду гоҳ гум шуда меравад. Биёяд ҳам аксаран ду даст дар почаки бинӣ аз дар меояд. Як миқдор ғизое, ки гоҳ-гоҳ барои 5 кӯдакаш меорад, барои як бор шишта хӯрданашон ҳам намерасад. Бо вуҷуди ин, барои нашикастани рӯҳияи фарзандонам дар ҳақи шавҳарам ягон сухани бад намегӯям ва ҳар гоҳе, ки биёяд, дағалӣ намекунам. Бовар кунед, ҳатто хоҳишу илтимос мекунам, ки тавонан тез-тез омада аз ҳоли духтарҳояш хабар гирад, ки тарбияи духтар нозук ва мушкил аст”-мегӯяд апаи Мӯҳтарам.

Аз зодгоҳ гурехта мешудаасту аз тақдир не

Зиндагии Муҳтарам ба қавли худаш, ҳамагӣ 1-2 моҳи аввали оиладориш хубу буду халос. Боқӣ аз сабаби рашки хушдоман, ки дар синни 25-солагӣ аз шавҳар монда будааст, ҳаёти оилавии келинро пурмоҷаро сохт.

Вақте Муҳтарам аз рашку бадиҳои ба ӯ кардаи модаршӯяш мегуфт, хушдоманаш оҳи сард кашида, иқрор шуд, ки ба келинаш дар ҳақиқат ноҳақиҳои зиёде кардааст.

Зиндагии Муҳтарам дар зодгоҳаш, шаҳри Истаравшан бадтар аз марг буд ва ҷавонзан бо умеди зиндагии шоиста ба шаҳри Хуҷанд омад. Аввалҳо дар бозор савдо карда, зиндагиашро пеш мебурд, аммо сатр доштанаш дари ҳама ҷоро ба рӯяш баст.

“Ман дар 19-солагӣ худоро шинохтам ва ба номаш савганд хурда ба сар сатр кардам. Он замон гумон мекардам, ки беҳтарин зан бояд дар сар сатр дошта бошад. Тамоми сатрдоронро одамони хубу худотарс гумон мекардам, вале сад афсӯс, ки ин тавр набудааст. Дар зиндагӣ бештари бадиҳое, ки ба сарам омад, маҳз зарбаи сахти сатрдорон буд. Акнун дарк кардам, ки баъзеҳо бо мақсаду ғаразҳои шахсӣ сатр мегирифтаанд, на ба хотири худо, вале савганд хурда, баъд сатрро партофтан гуноҳ аст, барои ҳамин ба тамоми мушкилоти ба сарам омада тоб оварда истодааму сатрамро намекашам”-мегӯяд Муҳтарам.

Хулоса, ғаҳу аламои дили ин зан хеле зиёданд. Дар шаҳри Хуҷанд ҳам сарсонию машаққат мисли гӯшту нохун ба тақдираш пайваста, зани сарсону саргардон дарк кардааст, ки аз зодгоҳ гурехта мешудаасту аз сарнавишт не!

Муҳтарам ба гуфти худаш кори нокардааш намонд, вале бемор шудани духтари калонияш Мағфиратхон Салоҳиддонова сабаби хароҷоти зиёд гашт ва ин модари танҳо иҷоарпулие, ки ҳар моҳ медод, аз моҳи майи 2021 то имрӯз натавонист бидиҳад.

Дар моҳи январ 3 шаб дар куча хобидем

Муҳтарам бо умеди кӯмак дари даҳҳо мақомотро куфт, вале бенатиҷа. Ба қавли худаш дузандагӣ, савдогарӣ ва тамоми давутозе, ки мекунад, барои хӯронидану пӯшонидан ва мактабу боғчаи 5 фарзандаш намерасад. Шабҳое буданд, ки ҳамрҳои хушдоман ва 5 духтараш аз бе ғизо, гуруснаву ташна хобиданд. Азбаски пули иҷораро сари вақт дода наметавонад, борҳо соҳиби хона онҳоро рондааст.

Муҳтарам нақл кард, ки шаби 16-уми январ дар айни сардии ҳаво соҳиби хона ӯро бо хушдоман ва 5 кӯдакаш аз хонааш ронд. Азбаски ҷойи рафт надоштанд ва дар ҷайбашон низ ягон пули пучак набуд, маҷбур дар кӯчаҳо хобиданд. Соҳиби хона раҳмаш омад ва онҳо дубора ба иҷораашон роҳ дод, аммо огоҳӣ дод, ки ҳарчӣ зудтар қарзҳои иҷораро пардозанд.

Муҳтарам аз моҳи майи соли 2021 то ин дам иҷорапулӣ надодааст ва аз соҳибхона 8 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Соҳиби хона муҳлат додааст, ки иҷорапулиро диҳад ё хонаро холӣ кунанд. Зан ҷои рафтан надорад ва ба хайри шахсони саховатманд эҳтиёҷманд аст.

Боварӣ дорем, ки муштариёни сомона барои савоб ва ризои худованд ба доди ин зани танҳову сарсон расида ба мӯҳтарам ва хушдомани пиру фарзадони хурдсолаш дасти ёрӣ дарз мекунанд.

Муҳтарам аз шавҳараш сахт метарсад, аз ҳамин сабаб рақамҳои ӯро надод, ки бо падари 5 кӯдакаш сӯҳбат кунем. Умедворем, к баъди хондани “қатрае аз баҳр”-и ин қисса ин мард сар ба ҷайби андеша кашида, дар бораи тақдири модари пиру 5-духтари нозанин ва ҳамсари сарсону саргардонаш фикр мекунад.

Шахсоне, ки ба ин оилаи ниёзманд кӯмак кардан мехоҳанд, саҳми худро тариқи корти Ҳумо 5058-2703-0361-2930, ки бо рақами 92-808-13-09 пайваст аст, гузоранд. 

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД