arzon replenishment
МУТАХАССИСОНИ ЧИН 9 РӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН БО COVID-19 МУБОРИЗА МЕБАРАНД
2194

Барои мубориза бо бемории COVID-19 субҳи рӯзи якшанбе, 24-май, гурӯҳи корӣ аз Чин ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора хабар медиҳад бахши русии агентии Синхуа.

Ҳайати иборат аз 14-нафари гурӯҳи корӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо эпидемия аз музофоти Шэнси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон омад.
Гуруҳи кории иборат аз мутахассисону духтурони ботаҷриба давоми 9-рӯз дар Тоҷикистон мемонанд, ки ин муддат мутахассисон дар мубориза бо эпидемия бо мутахассисони тоҷикистонӣ табодули таҷрибаи чинӣ мекунанд, бо духтурони ватанӣ дар мавриди ташхис ва табобати беморони COVID-19 дарсҳои омӯзишӣ мегузаронанд.
Сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Лю Бин изҳор дошт, ки ҳузури гурӯҳи кории чинӣ дар Тоҷикистон ба даврае рост омад, ки кишвар бо вирус мубориза бурда истодааст. Ин амали гуруҳи кории иборат аз мутахассисону табибон гувоҳи бародарӣ ва ҳамкори ҳаматарафаи стратегии ду ҳамсоякишвар аст.
Ҳангоми пешвози меҳмонон дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Саида Умарзода аз ҳукумати Чин барои фиристондани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кӯмаки бародарона изҳори миннатдорӣ намуд. Тоҷикистон таҷрибаи Чинро арзандаи баҳои баланд дониста, барои тавсиаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ омода аст.
"Мо бо ҳамкорони тоҷики худ барои беҳтар намудани структураи пешгирӣ ва назорати COVID-19 табодули таҷрибаи чинӣ менамоем."- қайд намуд И Чжи-муовини сардорои беморхонаи Халқии музофоти Шэнси ва ҳайати гурӯҳи кории дар Тоҷикистон ҳозиршуда. И Чжи давоми 55-рӯз дар Ухан (Вуҳан) бо бемории COVID-19 мубориза намуда, беморонеро, ки дар ҳолати вазнин қарор доштанд, наҷот дод. Мувофиқ ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мазкур вобаста ба ҳолати эпидемикӣ дар Тоҷикистон таҳқиқи ҳамаҷиҳата гузаронда, барои мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон маводи омӯзишии дақиқ омода намуданд.
Ҳамчунин, бо тайёраи мазкур аз ҷониби ҳукумати Чин кумаки тиббии 3-юмин ба Тоҷикистон оварда шуд. Бор ҳамагӣ 9,3 тонна вазн дошта, аз маҷмӯи тестҳо, воситаҳои худмуҳофизатӣ ва 15-дастгоҳи ҳавои сунъӣ ба шушдиҳанда иборат буда, маблағи кӯмак дар умум 700 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД