Arzon march 2024
Мутахассиси SMM меҷӯем
07.07.2023
ОИЛА
1277

 

Шумо бештари вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронед?

Дил кандан аз интернет ва машғул шудан ба коре бароятон мушкил аст?

Пас, маҳз шумо ба мо даркоред. Бале, шумо. Мо ба нафаре ниёз дорем, ки донандаи хуби абзорҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бошад ва аз уҳдаи тарғиби молу маҳсулот дар интернет барояд.

Агар ба шумо чунин маконе лозим аст, ки ҳам кор кунеду ҳам аз интерент дур нашавед, пас, ба тими мо пайвандед.

Тибқи вазифагузорӣ шумо саҳифаҳои “Oila”-ро дар Instagram, Telegram, YouTube ва Facebook идора мекунед, маводди омоданамударо сари вақт нашр менамоед ва таблиғоти мақсаднокро ба роҳ мемонед.

Барои ин шумо бояд мундариҷаро назорат карда, обуначиёни навро ҷалб кунед ва ба саволҳои онҳо дар шарҳу паёмрасон ҷавоб нависед.

Реҷаи кор ҳафтае 5 рӯз аз соати 09:00 то 18:00 буда, маош шартномавист.

Агар ин эълон таваҷҷуҳи шуморо ҷалб карда бошад, шарҳи ҳол ва намунаи корҳоятонро бо суроғаи электронии [email protected] ё [email protected] равон кунед.

Барои саволҳои иловагӣ ба рақами 989021146 занг занед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД