Ин тифлаки маъсум ҳанӯз аз хушиҳои даврони кӯдакӣ сер нашуда буд. Муслимаи хурдакак гули сари сабади аҳли хонавода буд ва бо шӯхию бозӣ ва хандаҳои беғашаш зиндагии пайвандонашро маънӣ мебахшид.
Падару модар аз тамошои рақсҳои мавзуни духтарчаи ширинрӯяшон завқ бурда механдиданд ва рӯзе сад бор садқаву бандаи ин фариштачаи хурдакак мегаштанд, аммо...
Муслимаи нозанин мисли фариштаҳо, ки манзилашон самост, якбора ба арш парвоз карда, бо рафтани худ манзили волидонашро ғамкада гардонд. Акнун аз дару девори хона гӯиё абри ғам мебораду меборад. Садои нолаи ҷонгудози модари зори Муслима синаи фалакро медарад, зеро ҷигарбандаш бо марги худ не, ба таври фоҷиавӣ аз дунё даргузашт. Муслимаи 6-сола қурбони як садамаи нақлиётӣ гашта, дар зери чархи мошин ҷон дод.
Бино бар иттилоъи ВКД ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 18-уми октябр, тахминан соатҳои 14:30 сар задааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ғайрат Мукарамзода, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ноболиғ, Муслима Абдуҳафиззодаи 6-соларо пахш намудааст. Кӯдак бар асари садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.