arzon replenishment
Мурат Мегетов: Фаҳмидам, ки ман хатоӣ кардаам
1595

Вақте шахс ба ин ё он бемории дарозмуддат гирифтор мешавад, кӯшиш мекунад, ки дар марҳилаи аввал он чизеро табиб мефармояд, иҷро кунад, вале дар марҳилаи муолиҷа беҳбудиеро эҳсос кард, аз истеъмоли доруву дармонҳои таъингардида ба қадри кофӣ истифода намебарад, ки мутаасифона оқибатҳои нохушро дар пай дорад.

Мурат Мегетов аз зумари чунин қаҳрамонони мост, ки ин ҳолатро аз сар гузаронидааст. Ӯ дар суҳбат ба мо қайд кард, ки аввал ба ин беморӣ аҳамияти ҷиддӣ надод ва то анҷоми муолиҷа як моҳ монда буд, ки аз истеъмоли доруҳои таъиншуда даст кашиду азобашро ҳам дид.

Мурат Мегетов шаҳрванди кишвари ба мо ҳамсоя - Қазоқистон мебошад, ки 38 сол дорад. Мо ӯро дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе вохӯрдему дар ин мавзӯъ суҳбате ҳам доштем.

Оила: То замоне, ки ба ин беморӣ гирифтор нашуда будед, дар бораи беморӣ маълумот доштед?

Мурат Мегетов: Ростӣ, ман дар бораи бемории сил чизе намедонистам. Ду ҳафта пеш аз бемориам аз сафари корӣ аз дигар кишвар омада будам. Моҳи майи соли 2014 буд. Ду рӯз бемори сахт шуда, ҳарорати баданам баланд шуд. Мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро ҷеғ задем. Табибон омада, барои паст кардани ҳарорати бадан сӯзандору гузаронида, барои таҳлил (анализ) хун гирифта рафтанд. Баъд аз се рӯз маро ба маркази саломатии минтақавиамон даъват карда, гуфтанд, ки бояд шумо аз муоинаи такрорӣ гузаред. Ҳайрон шуда, пурсидам, ки чаро бояд равам, ягон камбудӣ аст? Гуфтанд, ки бояд балғам супоред. Рафтам, супоридаму боз аз қафои корҳоям шудам. Баъд аз се рӯз боз ҳамшира занг зада, гуфт, ки бояд ба маркази саломатӣ равам. Ман дубора пурсидам, ки чаро биёям, аз чизе шубҳа доред? Гуфт, бояд як бор аз муоинаи духтури силшинос гузаред...

Оила: Вақте хулосаи муоинаҳо нишон доданд, ки ба бемории сил гирифтор шудаед, кадом фикрҳо бештар азиятатон медод?

Мурат Мегетов: Бештари одамоне, ки ба бемории сил гирифтор шудаанд, намедонанд, ки аз куҷо ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Дар бисёр ҳолат мегӯянд, ки масъуният паст шудааст ё дигар сабабҳои иқтисодӣ рабт медиҳанд, ки ман розӣ нестам. Чунки вақте бемор шудам, дар корхонаи мо шароити хуби корӣ фароҳам оварда буданд, мо гурӯҳи корӣ фаъолияти якхела доштем, вале намедонам чаро аз миёни онҳо ман бемор шудам. Вале ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки ман аз бемории сил эмин мемонам. Хеле эҳсосотӣ будам, бо духтурон суҳбат кардам, чанд маротиба такрор ба такрор анализ супоридам, ки шояд ягон хатоӣ аз ҷониби озмоишгарон шуда бошад. Аммо чунин набуд ва ман ба беморӣ тан додаму ба табобат оғоз кардам, чунки ҳамон вақт духтурон гуфта буданд, ки бемории шумо дар марҳилаи аввал аст ва давомнокии бемории шумо то шаш моҳ аст ва ба ҳамин хотир бояд ба табобат ҳарчӣ зудтар оғоз кунед. Барои табобат ба шаҳри Алма - Ато ба Маркази илмии ҷумҳуриявии мубориза ба бемории сил рафтам. Дар он ҷо ду моҳ табобат гирифтам. Аз он ҷо рухсат доданд ва ба маҳалли зистам баргаштам. Давоми се моҳи дигар дар шароити хона ҳабҳоро истеъмол мекардам. Баъди ин муддат худамро хуб эҳсос мекардам. Фикр кардам, ки ман алакай сиҳат шудаам ва тақрибан як моҳ то анҷоми муолиҷа мондан, аз табобат даст кашидам ва доруҳоро истеъмол накардам.

Оила: Мусаллам аст, ки вақте шахс ба беморӣ гирифтор мешавад, то андозае фикрҳои гуногун ба ҳолати равониаш таъсири манфӣ мерасонад. Ин марҳила дар шумо чӣ гуна гузашт?

Мурат Мегетов: Медонед, касе намехоҳад дар бораи бемории худ, бидонад, касе намехоҳад ба тахшиси духтурон розӣ шавад ва бовар кунад. Ҳастанд ҳолатҳое, ки аз бемории худ метарсанд, худро дар хона маҳкам мекунад, ки аз бемориаш атрофиёну дӯстонашон хабардор нашаванд. Барои ман ҳам чунин ҳолатҳо буд, ҳамеша дар фикри ман ин буд, ки ман мемирам. Фикр мекардам, ки акнун ман бемор шудам, акнун аз ҳамкорон ҷудо мешавам, аз атрофиён дур мешавам, ҳама аз ман мегурезанд ва хулоса, ки ҳолати равониам хеле бад шуд, мисле, ки ман бемориро харида бошам. Фаҳмишҳо гуногун буданд.

Оила: Гуфтед, ки ду маротиба ба бемории сил гирифтор шудед. Сабаби асосии рух додани ин ҳолатро дар чӣ медонед?

Мурат Мегетов: Баъд аз ду сол, соли 2016, мисли ҳарвақта аз муоина мегузаштам. Ин бор низ аз муоина гузаштаму гуфтанд, ки бояд шушҳоятро низ ренгтген кунед. Вақте акси рентгенро диданд, тавсия доданд, ки бояд ба назди силшинос равам. Ба духтур гуфтам, ки ман ин бемориро аз сар гузаронидаам, шояд изи он бошад. Вале духтур исрор кард, ки изи куҳна нест, балки марҳилаи тоза нишон дода истодааст. Ҳамон вақт фаҳмидам, ки ман хатоӣ кардаам, ки табобатамро пурра анҷом надодам. Боз дубора аз муоинаҳо гузаштам ва дубора боз ба шаҳри Алма - Ато барои табобат рафтам.

Оила: Марҳилаи аввал аз марҳилаи дуюм чӣ фарқ дошт?

Мурат Мегетов: Ҳозир наметавонам он ҳолатро тасвир кунам, чунки доруҳои зиддисилӣ сахттаъсиранд ва организм бе таъсири манфӣ намемонад. Дар марҳилаи дуюм баъд аз як моҳи табобат ҳатто натавонистам, ки дастамро бардорам, вақте ба зону менишастам, дигар рост хеста наметавонистам. Баъд аз ним соати хӯрдани дору сарчархзанӣ пайдо мешуд. Фикр мекардам, ки хотираам заиф шудааст ва ман дигар шахси маъюб шудаам. Чунки баъд аз ин қадар ҳолатҳои ногувор инсон чӣ гуна бовар мекунад, ки солим мемонад. Аз он ки ман он дафъа 6 моҳ то охир дору нахӯрда будам, бояд дар ин марҳила ду сол бетанаффус доруҳои зиддисилиро истеъмол мекардам. Ҳар рӯз ман 11 ҳабро истеъмол мекардам ва бояд ҳамин миқдор давоми 20 моҳ доруро истеъмол кунам ва бар замми ин, сӯзандору мегузарониданд. Пойи ростам аз зарбаи сӯзандоруҳои зиёд дардманд шуда буду роҳ гашта наметавонистам.

Оила: Бадани инсон ба ин ё он амалҳои такрорёбанда дар бештари ҳолат одат мекунад. Оё организми шумо ба ин ҳолат чӣ гуна бархӯрд карда буд?

Мурат Мегетов: Баъд аз як соли табобати беморӣ организм аллакай одат карда буд ва ҳамон вақт фаҳмидам, ки хатоии калон кардам. Моҳи июни соли соли 2017 барои табобати иловагӣ дар осоишгоҳе, ки барои беморони сил табобатгиранда таъсис дода шуда буд, 6 моҳи охири табобатро дар он ҷо гирифтам. Чунки агар ман табобатро дар маркази саломатӣ идома медодам, медонистам, ки боз ба танаффуси табобат роҳ медиҳам.

Оила: Гуфтед, ки то табобати пурра як моҳ монда буду аз хӯрдани доруҳо даст кашидед. Дар он давра саломатии шумо дубора тағйир наёфт?

Мурат Мегетов: Не, вақте ки 1-2-3 рӯз дору истеъмол намекунед, ҳис мекунед, ки шумо сиҳат шудаеду худатонро солим меҳисобед. Чӯбчамикроби беморӣ аз бемор дида донотар аст. Вақте бемор танаффус мекунад, аз миёни миллиард чӯбчамикробҳое, ки дар организм ҳаст, фаъолбудаҳояш аз нахӯрдани дору қувват мегиранду боз бемориро инкишоф медиҳанд. Бояд бемор дар вақти табобат дар марҳила танаффус накунад.

Оила: Кай дарк кардед, ки танҳо шумо аз бемории сил азият намекашед?

Мурат Мегетов: Вақте маротибаи дуюм бемор шудам, ба ташкилоти ҷамъиятии “Санаталема”, ки дар кишвари мо ягона ташкилоте мебошад, ки бо гирифторони бемории сил фаъолият мекунад, рафтам. Вақте ба ин ташкилот ворид шудам, медонед, киро дидам? Сармеъмори Қазоқистонро вохӯрдам ва пурсидам, ки шумо чӣ гуна ба ин беморӣ мубтало шудед? Дар ҷавоб гуфт, ки худам ҳам намедонам. Дар баробари ӯ, донишҷӯён, ронандаҳои таксӣ ва кормандони дигар ниҳодҳо буданд ва аз он ҷо фаҳмидам, ки ин беморӣ на мавқеи инсонро интихоб мекардаасту на сину солро. Бо ҳамтақдирони худ шинос шудам ва дӯстӣ пайдо кардем. Ҳамон ҷо фаҳмидам, ки ман танҳо нестам.

Оила: Муносибати ҳамкорон дар аввал чӣ гуна буд ва кай онҳоро аз бемории хеш хабардор кардед?

Мурат Мегетов: Моҳҳои аввал дӯстону ҳамкорон занг зада, аз саломатиам пурсон мешуданд ва аз беморхонае, ки дар он бистарӣ будам, мепурсиданд. Мегуфтам, ки ман дар шаҳри Алма-Ато табобат мегирам, вале ба касе суроғаи беморхонаро намегуфтам. Баъд аз чанд моҳи табобат ба худ гуфтам, ки канӣ ҳаминро ба дӯстонам гӯям, чӣ гуна қабул мекунанд. Вақте гуфтам, ки ман дар беморхонаи Маркази миллӣ - илмии зиддисилии шаҳри Алма-Ато бистарӣ ҳастам. Баъд аз “эълон”-ам ҳис кардам, ки зангҳо кам шуданд, ки ин чӣ ҳолати равониамро хеле бад кард, чунки дӯстон аз ман рӯ гардониданд ва худамро як каси нолозим меҳисобидам. Ҳарчанд, ки пайвандон дар атрофам буданд, аммо норасоии дӯстонро бештар эҳсос мекардам. Баъд аз гузашти як муддати муайян ба худ қарор додам, ки дар бораи бемориам ба ҳама мегӯям, касе хоҳад маро чунин қабул кунаду суҳбат намояд, касе намехоҳад ихтиёр дорад.

Оила: Дар давраи бемории шумо табъиз вуҷуд дошт?

Мурат Мегетов: Дар солҳои 2013-2015 дар дигар кишварҳо намедонам, вале дар Қазоқистон табъиз хеле зиёд буд. Дар вақти беморӣ маро аз кор озод карданд,.бБъд аз оне ки фаҳмиданд ман беморам дӯстонам занг зада, аҳволпурсӣ намекарданд. Инҳо ҳама табъиз буданд, вале ҳоло ин ҳолат хеле кам шудааст, чунки маърифати солмии мардум баланд шуда истодааст.

Оила: Барои суҳбат ташаккур!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД