Абдурозиқ Эгамов, ки ҳамчун сарояндаи мусиқии эстрадӣ имрӯз дар саросари ҷаҳон машҳур аст, бо варзишгари ҳамсони худаш Эралӣ Бойқобилов аз Ӯзбекистон вориди ринг шуд. Ин мубориза рӯзи 6-уми июл дар Дубай дар маҷмааи “Coca Cola Arena” баргузор шудааст.
Абдурозиқ 20-сол дошта, рақибаш ҳамагӣ 15-сола аст. Бо вуҷуди ин, Эралӣ аз овозхони тоҷик дар вазну ҷусса бузургтар аст. Гуфта мешавад, ки ҷанги Абдурозиқу Эралӣ бештар шоу ва намоишист, нисбат ба як набарди варзишӣ. Муҳорибаи ин ду ҷавони хурдҷусса мусовӣ анҷом ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ Эгамов зодаи деҳаи Ғиждарваи ҷамоати Шинг дар кӯҳистони канори шаҳри Панҷакент буда, 20 сол дорад. Дар синни 18-солагӣ ӯ ҳамагӣ 1 метр қаду 18 кило вазн дошт. Дар ду соли охир, ки Абдурозиқ ба Дубай кӯчид, қадаш каме сабзида, ба 114 сантиметр расида ва вазнаш низ гаронтар шудааст.
Рақиби ӯ Эралӣ Бойқобилов 15-сола буда, фарзанди як оилаи деҳқон аз Тирмиз дар ҷануби Ӯзбекистон аст. Ӯ ҳоло 110 метр қад ва 31,5 кило вазн дорад.