Sebiston new 2024 october
Муҳоҷирзани тоҷик дар Русия одам кушт
3744

 

Сайёра Дӯсаева, муҳоҷирзани 36-солаи тоҷик дар Русия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнини одамкушӣ боздошт шудааст. Ин зани тоҷик дар куштори ҳамкораш муттаҳам дониста мешавад.

Ин ҳодисаи хунин рӯзи 4-январ дар дар шаҳри Митишии вилояти Маскав дар як қаҳравохона гурҷӣ бо номи “Хинкальная Тбилисо” рӯй дода, байни як муҳоҷирзани тоҷик ва ҳамкораш моҷаро сар задааст. Дар рафти ин муноқиша зани тоҷик кордро гирифта ба рақибаш ҳамла ва ҳамкорашро кордборон мекунад.

Тавре ки Бомдод дар такя ба иттилои Telegram-канали “112” хабар додааст, ин ду корманди қаҳвахона дар ҷои ошпазӣ бо ҳам муноқиша кардаанд ва зан кордро гирифта, ба қафаси синаи ҳамкораш чанд кор задааст. Дар натиҷа мард ҷароҳатҳои вазнин бардошта, то расидани “Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст.

Кормандони пулис зани гумонбаршаванда-сайёра Дӯсаеваи 36-соларо дар назди даромадгоҳи хонааш дастгир кардаанд.
“Дар сабти камераҳои назоратии дар қисмати ошпазии қаҳвахонаи “Хинкальная Тбилисо” насбшуда, ки порае аз ин сабтро канали “112” дарёфт ва нашр кардааст, дида мешавад, ки як мард ба як зан ҳамла оварда, ӯро аз мӯйҳояш мекашад ва латтукӯб мекунад. Зан аз худ дифоъ карданӣ шуда, кордеро, ки ба дасташ афтод, ба даст гирифта, чанд бор ба бадани он мард мезанад. Коргарони дигари қаҳвахона талош мекунанд, то ин ду нафарро аз ҳам ҷудо кунанд, вале баъди лаҳзае марди захмӣ ба рӯи фарш афтида ва аз ҳуш меравад”-менависад манбаъ.
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи хунин ва сабаби муноқишаи байни ҳамкорон дар қаҳвахонаи таомҳои гурҷӣ ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД