Муҳоҷирони тоҷик барои ёфтани кор дар Қатар 3 рӯз шонс доранд
154

Рӯзҳои 25, 26 ва 27-уми январ дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо шахсоне, ки ба Қатар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, мусоҳиба-суҳбати мустақим бо корфармоён аз ин кишвар баргузор мегардад.

Шахсоне, ки аз суҳбат бомуваффақият мегузаранд, дар 6 ширкати бузурги Қатар, аз ҷумла Ali Bin Ali - ширкати пешсаф дар бахши логистика ва савдо, UDC (United Development Company) -таҳиякунандаи лоиҳаи "The Pearl-Qatar", Rosewood Hotels - шабакаи меҳмонхонаҳои боҳашаммат, Accor Hotels (Fairmont ва Raffles) - гурӯҳи бузурги меҳмонхонадории ҷаҳон, Marriott Group - шабакаи байналмилалии Ritz Carlton ва Sheraton ва Qatar Airways - ширкати миллии ҳавопаймоии Қатар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Хоҳишмандонро лозим аст, ки резюмеи худро барои иштирок дар мусоҳиба то 24-уми январ ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ба мусоҳиба бо корфармоён ҳатман бо либоси расмӣ - шиму костюм, куртаи сафед, галстук ва пойафзоли классикӣ ҳозир шудан лозим аст. Шахсони бе либоси расмӣ ба мусоҳиба роҳ дода намешаванд.

Рӯзи 25-уми январ мусоҳиба соати 9:00 ва рӯзҳои 26 ва 27-уми январ соати 10:00 оғоз меёбад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба рақамҳои зерин занг занед:

Ш. Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 1080, 992 918 391 575 ва +992 930 934 994

Вилояти Суғд: +992 93 999 0909 ва +992 88 440 6633

Вилояти Хатлон: +992 905 800 063

ВМКБ: +992 935 101 439

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД