Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода шудааст.
Мувофиқи фармони нав шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд наметавонанд аз қаламрави Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион рубли русиро дар шакли нақд бароранд. Чунин маҳдудият барои кишварҳои дигари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, инчунин Озарбойҷон ва Ӯзбекистон низ ҷорӣ гаштааст.
Аммо баровардани зиёда аз 1 миллион рубл тавассути фурудгоҳҳои байналмилалӣ, ки рӯйхаташонро Ҳукумати Русия муайян мекунад, иҷозат дода мешавад. Барои ин мусофир бояд ҳуҷҷатҳои бонкиро пешниҳод намояд, ки аз суратҳисоби бонкии худи ӯ гирифта шудани пулро тасдиқ мекунанд.
Фармони нав танҳо ба баровардани рубл дар шакли нақд дахл дошта, маҳдудиятҳои амалкунандаи Русияро вобаста ба баровардани асъори хориҷии нақд бекор намекунад.