formula feb 2025
Муҳоҷирон аз моҳи феврал бе ҳуҷҷат дар Русия кор карда наметавонанд
377

Шуруъ аз 5-уми феврали соли 2025 дар Русия реестри электронии шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд, фаъол мегардад. Дар реестри мазкур қонунӣ будан ё набудани зисту зиндагии ҳар як шаҳрванди хориҷӣ қайд шудааст.

Шахсоне, ки номашон ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ ба рӯйхати сиёҳ афтидааст, баъди 5 феврал дигар дар Русия бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шуда наметавонанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба гуфтаҳои муовини аввали вазири корҳои дохилии Россия Александр Горовой хабар додаанд.  

Ин масъули вазорати корҳои дохилии Русия қайд кардааст, ки рӯйхати мазкур ҳамарӯза пурра карда шуда, ба он ному насаби муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷат ба даст афтида, илова карда мешавад.  

“Реести электронӣ барои тамоми корфармоён - ширкатҳо, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳои давлатӣ ва шаҳрвандони оддие, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба кор ҷалб карданиянд, дастрас мебошад. Бо ёрии реестр дар Русия ба таври қонунӣ зиндагӣ кардан, ё накардани ҳар як муҳоҷирро дарҳол фаҳмидан мумкин аст”,- таъкид кардааст, Горовой.  

Тамоми корфармоён, хоҳ корхонаи давлатӣ бошад, хоҳ шахсӣ танҳо пас аз санҷидани қонунӣ будан, ё набудани будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Русия тариқи реестри электронӣ бо ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ шартномаи корӣ мебанданд.  

Муҳоҷиронеро, ки то ин вақт ба таври ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ карда, бидуни патент ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ кор мекарданд, пас аз 5-уми феврал дар ягон ҷо ба кор намегиранд, зеро барои ба кор гирифтани чунин муҳоҷирон корфармоён тибқи қонун ҷарима месупоранд.  

Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳамчунин наметавонанд бо касе ақди никоҳ банданд, паси чамбараки мошин бишинанд ва барои парвоз ба ин ё он минтақа чиптаи ҳавопаймо бихаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД