Formula novemver 2024
МУҲОҶИР АЗ ОН ДУНЁ БАРГАШТ
3203

Ислом ном дорам, айни ҳол 24 сола. Бе падар ба воя расидаам. Ҳанӯз мактабхон будам, ки падарам ба Русия коркунӣ рафт. Аввалҳо каму беш пул мефиристод, баъд бедарак шуд. Соле, ки мурдаи падарамро аз мулки ғурбат оварданд, хатмкунандаи мактаб будам.

Мани рўйи падарро ба серӣ надида чунон гиристам, ки ҳатто дили осмон ба ҳолам сӯхта гиря оғоз кард, вале афсӯс, ки бо нолаву фиғон ва оби дида ягон мурдаро зинда карда намешавад. Падари пурормонамро ба хок супурдему рӯзи бе ин ҳам сиёҳи ману модарам ба шаби тор мубаддал гашт. Аълохон будам, аммо маҷбур шудам, ки орзуҳоямро бо ҷисми беҷони падари ғуррамаргам зери хок намуда аз паси зиндагӣ шавам. Пул қарз карда чипта харидаму барои дарёфти қути лоямут ба Русия парвоз кардам. «Падарат дар муҳоҷират ба ҳалокат расид, ту ҳам ҷонатро дар хатар гузоштан мехоҳӣ» гӯён, модарам пеш аз сафар хеле гиряву нола кард, вале ӯро дилпур намудам, ки иншооллоҳ сиҳату саломат бармегардам ва ба ягон донишгоҳ дохил шуда мехонам, то одами номдор шуда дар айёми пирӣ асои дасташ гардам. Ҳамин тавр бо якравӣ аз модар дуо гирифта ба Русия омадам.

Хаёл мекардам, ки дар ин ҷо пулу мол рехта мондааст, ҳамин ки омадӣ, дарҳол туро бо кор таъмин мекунанд ва зиндагиат ба биҳишт табдил меёбад, аммо хаёлам хом баромад. Чанд моҳ бекор гаштам, пул фиристодан он тараф истад, ҳатто маблағе надоштам, ки ба модарам занг занам. Дар ин муддат танҳо як маротиба аз телефони як ношинос ба модарам занг задам, вале нав «очаҷон, хавотир нашавед, ман сиҳату саломатам» гуфта будам, ки алоқа канда шуд ва соҳиби телефон онро бозпас гирифт.

Рӯзи сиёҳе доштам дар мулки мардум, шабҳо дар сохтмонҳои нотамом хоб мекардам, чунки барои гирифтани иҷорахона пул даркор буд, киссаҳои ман бошанд, ҳуштак мекашиданд. Рӯзе дар кӯча тоҷикбачаеро во хӯрда дарду аламамро гуфтам. Дилаш ба ҳолам сӯхту маро ба иҷорахонааш бурд. Дар як хона 18–20 нафар тоҷикон зиндагӣ мекардаанд, ман ҳам бо онҳо ҳамроҳ шудам. Қариб ду моҳ дар ҳамон хонаи танг ҳамроҳи зиёда аз бист ҳамватан зиндагӣ кардам. Ҳамаашон ба бемории коронавирус гирифтор будаанд, дарди бадашон ба ман ҳам гузашта ба даврди бедавои коронавирус мубтало шудам.

Аз як сӯ сулфа азобам медоду аз сӯи дигар табларзаву тасбу тоб. Нафасгириам торафт душвортар шуда, шабҳо арақ аз сару рӯям мечакид. Якбора бист кило хароб шудам, одами маро дидагӣ скилет гумон мекард. Ошноҳоям пул надоштанд, ки маро ба беморхона баранд. Бо азоб мурдаамро аз замин бардошта, дари урусзане,ки дар қабати иҷораи мо мезист, кӯфтам. Кампирзан ту коронавирус ҳастӣ, гуфта дарашро ба рӯям баст. Касе набуд, ки мо шаш нафарро ба беморхона интиқол намояду ҷонамонро аз панҷаи марг раҳо созад. Шабҳоро бо дарди ҷонкоҳ саҳар мекардем. Рафиқамон ба сафорат занг зад ва буду шуди гапро фаҳмонд. Онҳо дар як миҷа задан ба нишонии мо омаданд.  Вақте ки онҳо ҳамроҳи ёрии таъҷилӣ вориди иҷораи мо гаштанд, аллакай аз шиддати тасб қариб мурда будем. Зуд ба даҳонамон "кисларод" гузошта, ба мошини ёрии таъҷилӣ шинонданд ва худи ҳамон замон ба беморхона бурданд. Аҳсан, ба духтурони Русия. Бо муборизаҳои зиёд ҷони мо муҳоҷирони бекасу кӯ мондаро аз панҷаи марг раҳо намуда, ройгон тест гирифта, табобатамон намуданд. Баъди 17 рӯзи ин ҳодиса мо ба пой хестем ва ба иҷораамон баргаштем.
Ба модарам касе гуфтааст, ки писарат аз коронавирус даргузаштааст. Модарам бо шунидани ин хабар ба сактаи қалб гирифтор шудааст ва айни ҳол дар беморхона қарор дорад.

Аз ҳамин сабаб ба модарам ба ёру дӯстонам ва онҳое, ки маро бе ман куштанду хабари бардурӯғ паҳн кардаанд, бигӯям: Шукри Худо ба по хестам. 
 "Модарҷон ман намурдаам, писарат сиҳат шуд ва аллакай пурра ба по хестааст. Худо кунад ба наздикӣ ба пешатон меравам ва дигар аз домони гарматон дур намешавам, очаҷон"!
Бечора модарам ҳамеша ҳарос доштааст, ки маро дигар зинда намебинад. Шукри Худованд табобат гирифта шифо ёфтам. Аҳд кардам, ки ба Тоҷикистон ба назди очаҷонам баргашта, дигар ёди Русия нахоҳам кард. Беҳуда бузургонамон нагуфта будаанд, ки
Гадо, гар дар Ватан мирад, амир аст,

Амири бе Ватан хору ҳақир аст!

Акрамљон Файзуллоевич, ш. Ќўрѓонтеппа

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД