Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Непал пирӯзӣ ба даст овард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ шоми рӯзи 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик поён ёфт.
Ду голи дастаи моро Алишер Ҷалилов ва ду голи дигарро Шервони Мабатшоев ба ҳадаф расонданд.
Бояд гуфт, ки мунтахаби Непал яке аз дастаҳои заифи Осиё аст. Ин кишвар дар зинаи 176-уми раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), яъне 71 зина поёнтар аз тими миллии Тоҷикистон қарор дорад. Мунтахаби кишвари мо дар ин раддабандӣ ҷойи 105-умро касб кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар бозии навбатии дӯстона тими миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр дар Душанбе бо мунтахаби Афғонистон дидор анҷом хоҳад дод.