Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар Афғонистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Голҳои Тоҷикистонро Рустам Камолов, Меҳрубон Одилзода ва Асадбек Махтумов заданд. Як голро бозигари Афғонистон ба дарвозаи худ ворид кард.
Тоҷикистон 6-уми сентябр бо Урдун бозӣ мекунад. Барои роҳ ёфтан ба марҳалаи навбатӣ дастаи мо бояд пирӯз шавад.