Расонаҳи русӣ аз сар задани як муноқишаи фалокатбор дар байни зодагони Тҷикистон дар Вилояти Маскав хабар додаанд, ки дар асари он чанд тан захм бардоштаанд...
Муноқишаи лафзӣ дар назди як қаҳвахона дар шаҳраки Измайловои вилояти Маскав дар байни як гурӯҳ мардон сар зада, баъдан кор ба ҷанҷолу занозанӣ мубадал гаштааст. Тавре ки ТАСС дар такя ба дафтаи матбуоти сарраёсати ВКД хабар додааст, бар асари ин муноқиша 2 нафар осеб дида, ҷароҳат бардоштаанд.
Гуфта мешавад, ки муноқишаи лафзӣ байни як гурӯҳ зодагони Тоҷикистон дар як қаҳвахона дар шаҳраки Измайлово ба вуқӯъ пайваста, сипас онҳо ба берун баромада, ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Дар натиҷаи ин муноқиша 2 нафар мардони синни 29 ва 33-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба муассисаи тиббӣ бурда шудаанд.