1xbet
Муноқишаи хунини ду ноболиғ дар ноҳияи Шоҳмансур
285

Кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ду писари ноболиғро барои занозанӣ ва муноқишаи хунин боздошт намудаанд.

Тавре РВКД дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” хабар додааст, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 7-уми июли соли ҷорӣ дар маҳаллаи Улуғбеки ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сар зада, ноболиғон Саидов А. ва Сайвалиев М. муноқиша намудаанд.

Дар рафти моҷаро ин ду писари ҳанӯз ба балоғат нарасида ҳамдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд ва Саидов А. бо корд 2 маротиба ба қисматҳои гуногуни бадани Сайвалиев М. зада, ба рақибаш ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Тафтишоти ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД