Arzon march 2024
МУНИРАРО ДАР ХОНАИ ШАВҲАР КӢ ОТАШ ЗАД?
11277

 

Намози шом шуда буд. Мунира чун ҳарвақта ба оғил даромада, гов ҷӯшид ва ба говҳо каҳ дода, аз паи дигар корҳояш шуд. Аз арӯс шуда, ба хонаи шавҳар омаданашро як моҳ кам як соли пурра мешуд. Духтари меҳнатӣ, ки буд, аз рӯзи аввал тамоми кору бори хонаи шавҳарро бе ягон ҳарфи зиёдатӣ иҷро мекард. Ин шом низ чун ҳарвақта кори ошхонаву дегу табақро саришта карда, ба хонаи хобаш даромад.

Ба Россия рафтани шавҳарашро ҳамагӣ шаш моҳ гузашта буду худаш дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ қарор дошт. Дар хонаи шавҳар Наргис ном хоҳаршӯи маккоре дошт, ки дар дуздӣ устухон надошт. Наргисро баъди ба хона овардани Мунира ба шавҳар дода буданду чиллаи арӯсияш набаромада, домод ӯро бо худ ба Маскав бурда буд. Як бегоҳ таксие пушти дарвоза истоду Наргис бо халтаҳои бордор аз дарвоза дарун шуд. Хапу хомӯш омадани Наргис барои аҳли оила муаммои сарбаста гашт. Ким чӣ хел ваҳмак менамуд, чашмонаш мисли гови балодида гирд мегаштанд. Ҳолати руҳияш нохуб бошад ҳам, сир бой надод. Фақат ба модараш гуфт, ки ҳомила шудаму шавҳарам маро ба ватан фиристонид. Низорахола афсурдагии духтарашро дида, хаёлаш ба ким куҷоҳо рафт. Дарҳол ҳамсояро ба хона оварда, духтари рангпаридаашро дуохонӣ карда бошад ҳам, Наргис ҳамоно парешон менамуду хаёлӣ.

Дуздӣ ва интиқом

Дар асл Наргисро шавҳараш -Шаҳбоз ба ватан равон накарда буд, балки худаш даст ба гуноҳ зада, аз Русия гурехта омада буд. Наргис дар мулки бегона дар як хона бо шавҳар ва бародарони шавҳару чанд зани ҳевараш якҷоя мезистанд. Азбаски аз хурдӣ дасти қалб дошт, ин феъли бад баъди шавҳар кардан низ ӯро ором намегузошт ва натавонист ақаллан дар мулки рус ором истад. Шабе тамоми пулҳои пасандози ҳеварҳояшро дуздида, аз он ҷо гурехта, ба ватан омад. Худи ҳамон соату лаҳза аз ин кори Наргис ҳама аҳли оилаи шавҳар хабардор шуда, талоқашро дода, дар қасди ҷонаш шуданд. Наргис дар ин бора ба касе даҳон накушод. Шаҳбоз аз чунин кирдори зани дуздаш сахт ба ғазаб омада, дар қасди ҷонаш шуд. Ба чанд ҷавони хешаш пул дода, амр кард, ки Наргисро дастгир карда, дасту пою даҳонашро баста, зинда ба зинда ба сару рӯяш бензин пошида, ӯро оташ зананд. Хешбачаҳои Шаҳбоз пулро гирифта, бо ҳамин ният аз Маскав ба ватан ҳозир шуданд.

Гунаҳкори бегуноҳ

Ҳамон шоми наҳс Наргис берун баромада, дар ҳавлияшон чор нафар сафедпӯшро дида, дарҳол пай мебарад, ки онҳо қасди ҷонашро доранд. Хомӯшона рафта, ба хонаи хоби янгааш- Мунира медарояд. Мунира бошад, дар ҳамин вақт барои дастшӯӣ берун баромада, ба дасти сафедпӯшон меафтад. Азбаски сару рӯи нафарони ношинос маҳкам буд, келинчак касеро дар торикии шаб шинохта натавонист. Мунира ҳарчанд бо даҳони баста ҳунгос мезад, касе садояшро нашунид. Ҳамаи ин манзараро Наргис аз зери пардаи тиреза назора мекард. Сафедпӯшон фарқ накарданд, эътибор ҳам надоданд, ки киро дастгир кардаанд. Мунираро Наргис гумон карда, сараввал даҳонашро хуб скотчпеч карданду дасту пояшро ба мисли чорвои забҳшуда бастанд. Ягон нафар аз сафедпӯшон садо намебаровард, ҳамаашон фақат бо ишора кор мекарданд. Сараввал ба сару рӯи Мунира бензин пошида, ӯро кӯрпапеч карданд. Баъдан бо гилем печониданду се ҷои онро маҳкам баста, келинчакро кашолакунон байни полезашон бурда, он ҷо оташ зада, худашон гурехтанд.

Оташ ба осмон дакка хӯрда, дар аввал касе бо даҳони баста ҳунгос задану гиряҳои Мунираро нашунид. Шоҳиди ҳамаи ин ҳодиса хоҳаршӯи шайтонсифати Мунира буд, ки намехост сираш фош шавад. Вақте ки янгааш хуб дар курраи оташ сӯхт, Наргис аз хона баромада, бо тамоми овоз дод гуфт: “Ҳой мардум, давед, бинед, янгаам худро оташ зад”. Садои Наргис оромии шабро халалдор намуда, ҳамаро дар як лаҳза ба гирди гулхани оташ гирд овард. Ҳаққу ҳамсоя ба зӯр кони оташро хомӯш карда, аз дарунаш Мунираи нимҷонро кашида гирифтанд. Ғайр аз мӯйҳои дароз дигар тамоми аъзои бадани келинчак дар оташ сӯхта буд. Наргис дар як лаҳза ҳангома сохт, ки янгааш қасди худкушӣ кардааст. Хусуру хушдоманаш низ гапи Наргисро дастгирӣ карда, назди ҷисми сӯхтаву пухтаи Мунира рафта, ӯро дашному ҳақорат мекарданд. Шамс- шавҳари Мунира низ хабари шумро шунидан замон, сари қаҳр ҳақиқати ҳолро нафаҳмида, нисбати арӯсаки меҳрубонаш нафрат пайдо кард.

                 Зебосанами деҳа

Мунира духтари қадраси зебо буду ба тори ҳар мӯяш хостгор дошт. Мӯйҳои ғафси сиёҳу ҳусну латофаташро писарони қишлоқ дида, кӯшиши ба занӣ гирифтанашро карда, байни худ рақобат мекарданд. Худи духтар аз хурдӣ зиёд мехост хонда, муаллима шавад. Баъди хатми мактаби миёна бахташ баландӣ карду бо квотаи президентӣ ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил ва онро бо дипломи сурх хатм карда, ба деҳа баргашт. Бо вуҷуди панҷ сол дар шаҳр таҳсил карданаш ҳамоно духтари боҳаёву оромтабиат боқӣ монда буд. Шамси яккаписар ба як дидан ошиқи зори Мунира гашту рӯзе се маротиба ба хонаашон хостгор мефиристонид. Оқибат ба шарти он ки баъд аз тӯй Мунира дар мактаб кор мекунад, волидонаш розигӣ доданду ҷавонон тӯй шуданд. Мунира ба ҷуз Наргиси айёр ба дили дигар аъзоёни хонаводаи шавҳар ҷо шуду келини азизи хонадон гашт.

Баъди он ҳодисаи мудҳиш касе чеҳраи Мунираи замоне гул барин зеборо медид, аз тарс талхааш мекафид. Ҷуз мӯйҳои сиёҳи ҷингилааш чизе аз Мунираи аввала боқӣ намонда буд. Се моҳ болои бистар ранҷ кашиду пайваста номи Шамсро ба забон овард. Шамс ҳатто барои тасаллои дили Мунира занг намезаду таскинаш намедод. Бадани сӯхтаи Мунира лучи модарзод дар рӯи кати чӯбин зери докаи ҷо ҷо пурхуну зардоб меистод. Модараш Гулзира се моҳ духтарашро нигоҳубин карда, обаш медоду ба ҳоли духтараш ҷигар сӯзонда, ашк мерехт. Духтурон баъди муоина гуфтанд, ки баданаш аз ҳад зиёд аз таъсири оташ зиён дидааст.

Ҳар гоҳе мехостанд докаро аз болои Мунира гирифта, иваз кунанд, гӯшти баданаш бо дока часпида мехесту оҳу нолааи пурсӯзаш ба фалак мепечид. Мунира як ҳафта бе ёд мехобид, бо пахта ба даҳонаш об мечаконд модари дилбирёнаш. Бомдод каме ба худ омаданаш дар дили холаи Гулзира шуълаи умед барафрӯхт. Чашмони мавизгаштаашро нимбоз карда, Мунира се бор “Шамсам куҷост, ёдаш кардам, гӯед биёяд, ҳарфҳои зиёди ногуфта дорам барояш, Шамсамро биёр, очаҷон” гуфта, вопасин нафасашро бо оҳи пурҳасрати дил аз сина берун кард. Ҷасади дар обу хуну зардоби Мунираро бо як азобу эҳтиёт шуста, кафан карданд. Кафанро се маротиба иваз карданд, вале боз зуд- зуд хунолуд мешуд. Пеш аз намози пешин тобути Мунираи армонӣ рӯи дастони мардон аввал ба масҷид, сипас сӯйи қабристон парвоз дошт.

Пушаймонӣ надорад суд...

Баъди ин ҳодиса Шаҳбоз хабар ёфт, ки шариконаш Наргисро нею, балки янгаи бегуноҳи ҳомиладори ӯро ҷазо додаанд. Ба хонаи модари Мунира аз Москав пули зиёд равон карда, бо сад пушайвониву афсӯс аз волидонаш бахшиш пурсиданд. Модараш на пулҳоро қабул карду на бахшиши онҳоро. Холаи Гулзираро мӯйҳои фатилаи Мунира пеши назар омада, хаёлӣ мекарданд. Аҳли хонаводаи Наргис ҳақиқати ҳолро фаҳмида, духтари бадкирдорашонро аз хона зада пеш карданд.

Имрӯз модари Мунираи ормонӣ мӯйи дарози касеро бинад, Мунира гуфта, ӯро оғӯш мегираду мотами зор мекунад. Аз ғами духтари бегуноҳ фавтидааш модар бемории руҳӣ гаштааст. Шамс ангушти пушаймонӣ газида, сар мекӯбад, ки дигар ба ягон роҳ наметавонад Мунираро бинад. Пушаймон аст, вале оби рехтаро дигар бардошта наметавонад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД