Sebiston new 2024 october
Мунаввара Чиллаева: Телефонбозӣ арӯсро хонавайрон мекунад
25.11.2023
Дилошӯб
918

 

Афзоиш ёфтани пошхӯрии оилаҳо аз ҷумлаи мушкилии асосӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо оилаҳо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла дахолати яке аз пайвандони шавҳар, дар натиҷаи зӯроварӣ ва дигар омилҳо рух медиҳад ва дар натиҷа кӯдакони масъум зиндаятим мемонанд.

Сабабгори асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар чист?

Ба саволи мазкур истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, бонуи саропо ҳунар, устоди садҳо зани ҳунарманд, чеваре, ки дар озмунҳои зиёде чун тарроҳу дӯзанда ғолиб омадаанд, Мунаввара Чиллаева посух мегӯянд. Бояд зикр намуд, ки соли 2000-ум оилаи Мунавварабону дар кишвар соҳиби унвони оилаи намунавӣ шуда буданд.

-Сабаби вайрон шудани оилаҳои ҷавон дар аксари ҳолатҳо тарбияи нодурусти ҷавонон аст, ки онҳоро волидон ба зиндагии оилавӣ тайёр намекунанд. Хоса духтарони ҷавонро бояд аввал фарҳанги оиладориро ёд диҳем, аз ҷумла ҳурмату эҳтиром нисбати хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар, донистани одоби муошират, оини меҳмоннавозӣ ва сабру тоқат, таҳаммулгароӣ, шарму ҳаё ва дарки масъулият. Як сабаби дигар вобастагии насли нав бо телефонҳои мобилӣ, хестани шамоли рашк, ки оқибат ҳавои хонаро абрӣ мекунаду ба ҷудоӣ мебарад.

Ман бо ҳамсарам, ки корманди мақомоти прокуратура буданд, 57 сол зиндагӣ карда, ҳафт фарзандро тарбияву соҳиби маълумоти олӣ ва оилаву хонаву дар кардем.

Ҳарчанд ҳамсарам метавонист, ки моро бо зиндагии шоиста таъмин кунад, вале ман баробари ӯ меҳнат мекардам ва дар буҷҷаи хонавода саҳм мегузоштам.

Бояд зану мард баробар бори зиндагиро кашанд, аз ин рӯ, духтарони ҷавонро лозим аст, ки ягон касбу ҳунарро аз худ намоянд. Шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад ва дар ҳама ҷо соҳиби обрӯю эътибор аст.

 

Суҳбати Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД