Бо муносибати Рӯзи байналмилалии “Асои сафед” Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе аз Ҷамъияти нобиноёни “Нури чашм”-и шаҳри Ваҳдат дидан намуда, бо шароити таҳсил ва зиндагии онҳо аз наздик ошноӣ пайдо кард.
Дар ин сафар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо хонандагони мактаби махсуси нобиноён ва ҳайати омӯзгорони он мулоқоту гуфтугӯ намуда, махсусан қайд кард, ки онҳо як қишри ҷомеа ва гурӯҳи азизу гиромии ҳар яки мо маҳсуб меёбанд ва вазифаи асосии мо дастгирӣ ва ҳавасмандсозии онҳо мебошад.
Ҳамчунин Сафир ҷиҳати таваҷҷуҳи зиёди Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Эмомалӣ Раҳмон Президенти кишвар изҳори сипос кард. намуд.
Ёдовар мешавем, ки шумораи хонандагони нобино ва сустбини Ҷамъияти нобиноёни “Нури чашм”- шаҳри Ваҳдат 65 нафарро ташкил дода, дар он 30 омӯзгор таълим медиҳад. Аз ҷониби сафорати мазкур маводи ғизоӣ тақдим гардид.