Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сардухтури Маркази федералии ҷарроҳии асаби шаҳри Тюмени Федератсияи Русия Алберт Суфианов ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, мақсади мулоқот таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудани усулҳои навини ташхису табобати бемориҳои асаб, истифодаи таҷҳизоти муосири тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят будааст.
Алберт Суфианов аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии Маркази федералии ҷарроҳии асаби шаҳри Тюменро барои густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиббии вилояти Суғд таъкид кардааст. Ӯ зикр намудааст, ки маркази мазкур яке аз муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи ҷарроҳии асаб ба шумор рафта, бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад ва беҳтарин мутахассисони соҳа дар он фаъолият доранд. Дар марказ ҷарроҳиҳои мураккаби мағзи сар ва сутунмуҳра бе буриши ҷарроҳӣ анҷом дода мешаванд, ки ин равиш имконият медиҳад ба беморон ёрии тиббии босифат расонида шавад.
Раҷаб Аҳмадзода аз густариши ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод кардааст, ки филиали Маркази федералии ҷарроҳии асаби шаҳри Тюмен дар вилояти Суғд боз карда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва роҳандозии барномаҳои муштарак барои беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.